ВОХӮРӢ

ВОХӮРӢ

Муовини декан оиди донишҷӯёни квотаи Президентӣ Иргашова Ҷ.З. бо донишҷӯёни квотаи Президентӣ, курсҳои 1,2 ва 3–юми факултети педиатрӣ вохӯрӣ баргузор намуд. Декани факултети педиатрӣ д.и.т., профессор Усманова Г.М. дар баромади худ оид ба тарзи пӯшидани либосҳои тавсиявӣ дар дохили донишгоҳ,ҳамчунин оиди пӯшидани сатр аз тарафи духтарони аз ноҳияҳои дурдаст омада, пӯшидани пойафзоли варзишӣ (кроссовки), либосҳои аз матои ҷинс дӯхдашуда, ки пӯшидани онҳо дар донишгоҳ қатъиян манъ аст, гуфта гузашт. Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ шарт ва зарур будани истифодаи ҳатмии ниқобҳои шахсӣ таъкид карда шуд.

Муовини декан оид ба донишҷӯёни квотаи Президентӣ Иргашова Ҷ.З. дар мулоқот бо донишҷӯён барои фаъолона иштирок намудан дар ҳаёти донишгоҳ, ҳамкории зич намудан бо деканати квотаи Президентӣ сухан ронд. Инчунин Иргашова бо шароити зисти донишҷӯён шинос шуда, аз камбудиву мушкилоти онҳо пурсон шуд.  

Муовини декан Фузайлова М.С. оиди системаи нави таҳсил дар донишгоҳ ба донишҷӯёни курси якум, дуюм ва сеюм сухан ронда, аъзо шудани донишҷӯёнро ба китобхонаи донишгоҳӣ ва миллӣ тавсия намуд. Дуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва ба сайтҳои гуногуни манъшуда ворид нашудан таъқид гашт. Ҳамчунини ба муҳассилин на аз рӯи тестҳо, балки аз рӯи китобҳои тавсияшудаи дарсӣ ба сессия тайёрӣ дидан таъкид гардид.

Декани факултети педитарӣ  -  Усманова Г.М.


27.04.2021 257

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php