ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ ФАЪОЛИ ДОНИШГОҲ

ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ ФАЪОЛИ ДОНИШГОҲ
Санаи 03.04.2020 ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. бо хатмкунандагони факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, ки дар давоми таҳсил танҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил намудаанд, ахлоқи намунавӣ дошта, пайваста дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъол буданд ва номзадон барои гирифтани “Дипломи аъло” мебошанд, мулоқот доир намуд.
Дар рафти мулоқот ректори донишгоҳ иброз намуд, ки соли ҷорӣ барои гирифтани “Дипломи аъло” аз факултаи тиббӣ 61 нафар, аз факултети педиатрӣ 1 нафар, аз факултети стоматологӣ 4 нафар ва аз факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ 1 нафар, дар маҷмӯъ аз донишгоҳ 67 нафар хатмкунандагон ариза пешниҳод намудаанд. Боиси тазаккур аст, ки аз шумори номзадҳо ба гирифтани “Дипломи аъло”- 9 нафарашон бо Квотаи Президентӣ таҳсил намудаанд.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки ба 28 нафар хатмкунандагоне, ки холҳояшон нисбатан камтар аст, дар асоси Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такроран супоридани имтиҳонҳо аз 1 то 3 фан рухсат дода мешавад ва барои такроран супоридани имтиҳон танҳо як маротиба рухсат дода мешавад. Дар сурати аз фанни якум нагирифтани баҳои “аъло” ба номзад барои супоридани имтиҳонҳои пасин иҳозат дода намешавад. Дар протоколи баҳоҳо бошад, баҳои дар имтиҳони такрорӣ супоридаи онҳо дарҷ карда мешавад.
Агар солҳои пешин имтиҳонҳо дар кафедраҳои фанни интихобӣ доир мегардид, соли ҷорӣ имтиҳонҳои такрорӣ дар Маркази ягонаи тестӣ шаффофона ва одилона дар зери назорати бевоситаи ректори донишгоҳ ба таври хаттӣ тестӣ доир мегарданд.
Тибқи анъана барои хатмкунандагони “Дипломи аъло” барои фаъолияти минбаъда ва такмили тахассусу рушди илм дар кафедраҳои назариявии тиббии донишгоҳ таҳсилу фаъолият пешниҳод карда мешавад.
Дар рафти вохӯри ректори донишгоҳ ба ҳар як хатмкунанда бо алоҳидагӣ сӯҳбат намуда, оид ба масъалаҳои ҷойдошта дар рафти таҳсил, нақшаҳои минбаъдаи онҳо сӯҳбат доир намуд.
Дар хотима, ректори донишгоҳ ба хатмкунандагон барои бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои давлатии хатми донишгоҳ аз номи раёсати донишгоҳ муваффақият орзу намуд.
Алишод Ворисов сардори бахши коргузории Хадамоти ректори донишгоҳ

ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ ФАЪОЛИ ДОНИШГОҲ
ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ ФАЪОЛИ ДОНИШГОҲ
ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ ФАЪОЛИ ДОНИШГОҲ
06.04.2020 240