Дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ ҳимояи рисолаи номзадӣ баргузор шуд
Cанаи 28 сентябри соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА -057 назди МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино" ҳимояи диссертатсияи Алиев Азим Анварович дар мавзӯи:«Хусусиятҳои морфологии ғадудҳо ва ҳосилаҳои лимфоидии роҳҳои беруниҷигарии талхарон дар онтогенези постнаталии одам» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.03.01- Анатомияи одам баргузор гардид.
Таҳқиқот дар кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинии ба номи Я. А. Раҳимови МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» омода шудааст. Роҳбари илмӣ Девонаев Олимҷон Темурович, доктори илмҳои тиб, дотсент, профессори кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинии ба номи М. Я. Раҳимови МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» мебошад.
Муаллифи диссертатсия унвонҷӯ Алиев А. А. ҳангоми ироаи маълумот дар мавриди муҳтавои рисола бо таъкид ба мубрамӣ ва зарурати баргузории таҳқиқот аз рӯйи мавзӯи диссертатсия қайд менамояд, ки патологияи роҳҳои беруниҷигарии талхарони (РБТ), бешубҳа, масъалаи ҷиддии тиббию-иҷтимоӣ мебошад.
Шӯрои диссертатсионӣ бо шиносоӣ ба корҳои анҷомшуда дар раванди таҳқиқот таъкид менамояд, ки дурустии маълумотро ҳаҷми кофии маводи таҳқиқотӣ, коркарди омории натиҷаҳои бадастомада ва интишорёфта тасдиқ мекунанд. Хулоса ва тавсияҳо дар заминаи таҳлили илмии натиҷаҳо асос ёфтаанд. Дар диссертатсияи мазкур аз тарафи муаллиф шахсан мустақилона ҷамъоварии мавод, коркард ва таҳлили адабиёти илмӣ, коркарди омории маводи бофтабардорӣ (биопсия) гузаронида шудааст.
Мавзӯи таҳқиқот мубрам ва аҳамиятнок аст, бинобар ин аъзои Шӯрои диссертатсионӣ қарор намуданд, ки таҳқиқоти мазкур ба талабот ҷавобгӯ буда, муаллиф барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои тиб пешниҳод карда шавад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа