Усулҳои интерактивии омӯзиш қадаме ба сӯи оянда

Усулҳои интерактивии омӯзиш қадаме ба сӯи оянда

Санаи 28.01.2022 дар толори маҷлисгоҳи кафедраи оториноларингология семинар-тренинги машваратӣ оид ба истифодаи усулҳои интрактивии омӯзиш дар ҷараёни дарсҳои амалӣ ва лексионӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ ассистенти коромӯзи кафедра Муродова Паричеҳра Фирдавсфековна бо маъруза баромад намуд. Баъди анҷоми маъруза байни омӯзгорон мубодилаи афкор доир ба мавзӯи пешниҳодшуда сурат гирифт. Дар охир мудири кафедра н.и.т., дотсент Аҳророва З.А. баромад намуда, қайд кард, ки истифодаи усулҳои интерактивии омӯзиш талаботи замон буда, барои рушди илму дониш ва тафаккури клиникии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад. Таъкид гардид, ки истифодаи чунин усулҳо дар рафти дарсҳои амалӣ ва лексионӣ аз ҷониби тамоми омӯзгорон ҳатмӣ мебошад.

Ассистент оид ба тарбия Шоев М.Д.


29.01.2022 207

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php