Ташрифи кормандони Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ташрифи кормандони Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Тибқи Меморандиуми ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 12-уми ноябри соли 2018 дар шаҳри Тошкент ба имзо расонида шуда буд, ҳайати намояндагони Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии Ханапияев Ф.Р. – Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 то 22-юми июли соли ҷорӣ ба шаҳри Душанбе, Истаравшан ва Хуҷанд ташриф оварданд. Мувофиқи сенарияи корӣ меҳмонон санаи 19-уми июл ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи донишгоҳ меҳмононро иҷрокунандаи вазифаи ректор, д.и.т. профессор Ибодов С.Т., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён, муовинони ректор ва сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ пешвоз гирифтанд. Дар рафти ташриф меҳмонон бо фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳ шинос шуда, аз толори ба номи Сино, Осорхонаи донишгоҳ, Озмоишгоҳи кишти селуллаҳои бунёдӣ ва Маркази таълимӣ, илмӣ истеҳсолии «Фарматсия» дидан намуда, баҳои баланд доданд.

Муовинати таълим ва Иттифоқи касабаи кормандон


2
3
4
5
24.07.2019 766

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php