Ташаббуси донишгоҳ барои огоҳии мардум оид ба роҳҳои пешгирии сироят ба коронавирус «СOVID-19»

Ташаббуси донишгоҳ  барои огоҳии мардум оид ба роҳҳои пешгирии сироят ба коронавирус «СOVID-19»

Шуъбаи кор бо ҷавонон бо мақсади маълумотнок намудани аҳолӣ доир ба моҳияти«СOVID-19» ва вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ санаи 25-уми августи соли 2020 дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва саҳни муассисаҳои шахсию давлатии хиёбони Рӯдакӣ бо шаҳрвандону меҳмонони пойтахт дармавзӯи “Роҳҳои пешгири аз коронавирус, риояи гигиенаи шахсию ҷаъмиятӣсӯҳбат-вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар доираи чорабинии мазкур волонтиёрони донишгоҳ зери роҳбарии мудири шуъба бо шаҳрвандону меҳмонони пойтахт сӯҳбату вохӯриҳо анҷом дода, доир ба бемории «СOVID-19», сироятёбӣ ва оқибатҳои он, инчунин роҳҳои пешгирӣ аз сироятшавӣ иттилоъ дода, ҳамчунин дастурамалҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии «СOVID-19» - ро, ки аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шуда буданд, тақсим карданд, ки он ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум, аз ҷумла ҷавонон оид ба ин бемори нақши муҳимро мебозад.

Бояд зикр намуд, ки шаҳрвандону меҳмонони пойтахт миннатдории худро ба роҳбарияти МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва волонтиёрони ихтиёрии он баён карда қайд намуданд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин сӯҳбат-вохӯрӣ дар шаҳру хиёбонҳои кишвар барои маълумоти бештар додан нисбати бемории «СOVID-19» ва роҳҳои пешгирии гирифтор шудан ба он мусоидат намуда, то андозае нигаронӣ ва ба таҳлука афтидани мардумро нисбат ба ин беморӣ паст менамояд. 

Шарифов Қ.О.Мудири шуъбаи  кор бо ҷавонон


4
3
2
1
28.08.2020 516

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php