Тарбияи маънавию ахлоқӣ ва ташаккули табиби муосир дар тарбияи ахлоқии ҷавонони донишҷӯёни-табиби муосир оид ба осори Ҷалолиддин Балхӣ бахшида мешавад.
Мувофиқи нақшаи фаъолияти корҳои тарбиявӣ ва бахшида ба чашнгирии рӯзи Ҷаллолидини Балхӣ (30 сентябр) дар кафедраи забони русӣ МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз 27 сентябр то 30 сентябри соли 2021 рӯзҳои конференсияҳои донишҷӯён дар мавзӯи «Нақши осори мутаффакири бузург – классики адабиёти тоҷик Ҷалолиддин Балхӣ дар тарбияи маънавию ахлоқӣ ва ташаккули табиби муосир» доир гардид.
Дар конференсия донишҷӯёни курсҳои 1-уми ҳамаи факултетҳо иштирок намуданд. Конференсияро иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи забони русӣ, номзади илмҳои педагогӣ Д.У.Саидмуродов ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро табрик намуда,оиди мақсади гузаронидани конференсия сухан кард.
Баъд аз ин дар назди донишҷуён профессори кафедра доктори илмхои педагоги У.Р.Юлдошев баромад кард. Ӯ дар баромадаш қайд намуд, ки дар асоси Конунои Ҷӯмҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани ҷашнҳо, идҳо рӯзи 30 сентябри соли равон нақши осори мутаффакири бузург – классики адабиёти тоҷик Ҷалолиддин Балхӣ ( Румӣ) (1207-1273), қайд карда мешавад.
Яке аз чеҳраҳои намоёни адабиёти классикии тоҷику форс Ҷалолиддин Балхӣ мебошад, ки аз замони зиндагии худ ва то ба имрӯз бо осори баландмазмунаш дили ҷаҳониёнро тасхир намудааст.
Имрӯз низ осори рангини Ҷалолиддин Балхӣ аҳамияти худро гум накардааст, зеро асарҳои ӯ мазмуни амиқи илмию фалсафӣ доранд, ки барои тарбияи инсони ахлоқи олӣ мусоидат менамояд ва аз тамаддуни қадим арзишҳои ахлоқӣ ва хиради баланд сарчашма гирифтааст.
Дар чорабинии мазкур тамоми донишҷӯёни курсҳои 1 донишгоҳ бо маърӯзаҳо ва қироати шеърҳо аз осори ин шоири намоён баромад карданд. Дар ҷараёни конференсия донишҷӯён дар асоси арзишҳои ахлоқии гузаштагон ва ҷомеаи имрӯза баҳсхо барпо намуданд.
Дар машғулиятҳои забони русӣ тарбияи ахлоқию маънавии донишҷӯён мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Мақсади асосии доир намудани конференсияҳои мазкур низ аз ҳамин иборат буд. Дар ҳар як бахш 5-6 маърӯза шунида шуд. Маърӯзаҳо пурмуҳтаво буда, барои баланд бардоштани ҷаҳони маънавии донишҷӯён ва маълумоти бештаре пайдо намудан доир ба ҳаёт ва фаъолияти намояндаи адабиёти классикии тоҷику форс - Ҷалолиддини Балхӣ мусоидат менамоянд.
Яке аз чеҳраҳои намоёни адабиёти классикии тоҷику форс Ҷалолиддин Балхӣ мебошад, ки аз замони зиндагии худ ва то ба имрӯз бо осори баландмазмунаш дили ҷаҳониёнро тасхир намудааст.
Имрӯз низ осори рангини Ҷалолиддин Балхӣ аҳамияти худро гум накардааст, зеро асарҳои ӯ мазмуни амиқи илмию фалсафӣ доранд, ки барои тарбияи инсони ахлоқи олӣ мусоидат менамояд ва аз тамаддуни қадим арзишҳои ахлоқӣ ва хиради баланд сарчашма гирифтааст.
Баргузории чунин чорабиниҳои пурарзиш дар кафедра забони русӣ шудааст. Устодон барои дар сатҳи баланд гузаронидани конфронс, таҳияи маърӯзаҳои донишҷӯён саъю кӯшиши зиёде намуданд. Дар ҷараёни кори конференсия на танҳо маърӯзаҳо доир гардид, балки аз осори ин шоири бузург қироати шеърҳо, андарзҳо аз хусуси аҳамияти сухан, илмомӯзӣ, росткорӣ, ҷавонмардӣ ва ғайра садо дод.
Досенти кафедра Назарова М.Р., муаллимаи калон С.А. Ҳотамова, омӯзгорон М.А. Холматова, О.А. Лысых, Д.Х. Султонова, Н.Ш. Алиева ва дигарон дар баромадашон қайд намуданд, ки асарҳои бузурги асосгузории адабиёти классикии тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) имрӯз ҳам мавқеи хоса доранд.
Аз замони зиндагии мутафаккири бузург – Ҷалолиддини Балхӣ муддати зиёде гузашта бошад ҳам, осори бою рангини ӯ то ба имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд ва барои тамоми ҷаҳониен нотакрор ва пурарзиш боқӣ мондааст.
С.А.Ҳотамова, О.А.Лысых, Р.Р.Камолова, Д.Х. Султонова, омӯзгорони кафедраи забони русии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино», З.А.Мухаммадиева, мудири кафедраи забонои хориҷӣ