Табрикоти ректори донишгоҳ ба муносибати фарорасии Соли нави милодии 2019
Устодони гиромиқадр ва донишҷӯёни азиз!
Қаблан мехоҳам ҳар яки Шуморо бо фарорасии соли нави милодии 2019 аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон бахту иқболи баланд, рӯзгори хушу осуда ва барору комёбиҳои минбаъдаи кору фаъолиятро таманно намоям.
Соли сипаришуда, дар ҳақиқат ҳам, дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт. Зеро маҳз дар ҳамин соли пурфайз мардуми мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фатҳи боз як қуллаи мақсуд- ба кор андохтани чархаи аввалини Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ноил гаштанд, ки ин ҳодисаи муҳим бешак дар рушду тараққии минбаъдаи иқсисодиёти кишвар ва беҳтар гаштани дараҷаи некӯаҳволии сокинони он нақши босазо хоҳад гузошт. Соли гузашта дар доираи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар мамлакат чорабиниҳои зиёди илмию фарҳангӣ баргузор гашта, иншоотҳои нав ба нави варзишию фарҳангӣ ба кор дароварда шуданд.
Хурсандибахш аст, ки аҳли донишгоҳи мо низ соли сипаришударо дар ҳама самтҳои фаъолият бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст намуданд. Аз ҷумла, дар се курси аввали ҳамаи факултетҳои донишгоҳ низоми кредитии таълим бомуваффақият ба роҳ монда шуд, ки ин ба 4-5,1% баланд шудани сифати таълим мусоидат намуд. Бори аввал дар таърихи донишгоҳ санҷишҳои амалӣ тариқи ОСКЭ тибқи талаботҳои байналмилалӣ қабул карда шуда, натиҷаи таҷрибаомӯзии Соли таҳсили клиникии донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалии донишгоҳ (МОМА) мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар ин сол Ассотсиятсияи донишҷӯёни тибби Тоҷикистон (TMSA) таъсис дода шуда ҷамъияти мазкур ба Ассотсиятсияи тиббии ҷаҳонӣ (IFMSA) аъзо гардид.
Фаъолияти донишгоҳ дар самти равобити байналмилалӣ хеле ҷоннок гашта, мубодилаи академии байни донишҷӯёну омӯзгорони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Беларус, Ӯзбекистон ва Литва ҷиҳати идомаи омӯзиш дар давраи семестри баҳорӣ ва гузаштани давраи тарибаомӯзӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳамин тариқ, 10 лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар донишгоҳ бо маблағгузорӣ аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ба мисли Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, DAAD, Лоиҳаи Темпус, Erasmus + ва ғайраҳо ба таври самарабахш амалӣ гардонида шуд.
Соли гузашта дар донишгоҳ бори аввал Конференсияи муштараки байналмилалии олимон, табибон, фарҳангшиносон ва забоншиносони макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ-таҳти унвони «Роҳи абрешим ва робитаҳои байнифарҳангии кишварҳои Аврупову Осиё» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид. Донишгоҳамон дар соли сипаришуда дар озмуни ҷумҳуриявии корҳои ободонӣ барои сохта ба истифода додани Маҷмааи варзишию фароғатӣ бо майдончаҳои бозии кӯдакон бо “Ифтихорнома”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саарфароз гардонида шуд.
Боварӣ дорам, ки соли нави 2019 барои мардуми соҳибтамаддуни кишвари мо оғози марҳилаи нави корҳои бунёдкорию созандагӣ гашта, устодону донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ ҳам дар самти омӯзиш ва беҳтар кардани сифати омодасозии мутахассисони ҷавони тиб ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил мегарданд.
Соли наватон муборак, устодону донишҷӯёни гиромӣ!