Таҷлили Рӯзи Президент дар МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
16 ноябр дар МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Рӯзи Президент таҷлил гардид. Ҷаласаро муовини ректор оид ба таълим д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. оғоз намуда, ҳозиронро аз номи ректори донишгоҳ д.и.т., професссор муҳтарам Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ба ин рӯзи муборак табрик намуд. Дар ин ҷаласа ноиби Президенти Академияи илмҳои ҶТ академик Муҳаммад Наврӯз иштирок ва суханронӣ намуда, хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими ҳокимият ва давлати тоҷикон беназир арзёбӣ кард. Ин аст, ки миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро эҳсос кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Муовини ректор оид ба таълим Ибодзода С.Т. зимни суханронӣ бо таъкид ба заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, қайд намуд, муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷӯҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сардори донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.
Дар идомаи ҷаласа, ҳозирин бо арзи сипосу эҳтироми беандоза ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон, шукронаи ободиву шукуфоии ин кишвари биҳиштосоро намуданд.
Барномаи консертии дастаи ҳунарии донишҷӯёни донишгоҳ “Шифо” ба ин ҷаласа ҳусни шодмонӣ бахшид.
Зимнан, 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад. Тағйирот ба қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.
Зуҳра Турсунова, шуъбаи иттилоот ва нашрия
16.11.2019
857