Таҷлили ҷашни Рӯзи забони давлатӣ дар кафедраи дерматовенерология
4 октябри соли 2021 дар толори кафедраи дерматовенерология бо иштироки колективи кафедра ва донишҷуёни гурӯҳҳои 51-56 курси чоруми факултети тиббӣ доир ба «Рӯзи Забони давлатӣ» ҷамъомад гузаронида шуд. Донишҷӯёни гурӯҳҳои 54 ва 55 таҳти роҳбари Дырда Н.И. ва Валиева М.С. доир ба мавзӯи зикршуда маъруза омода сохта, хеле хуб ва пурмазмун баромад карданд. Донишҷӯён, иштирокчиёни ҷамъомад низ оид ба рукнҳо ва таърихи забони модарӣ баромадҳои иловагӣ карданд. Чунончи, онҳо аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди забон иҷтибосҳо оварданд, ки гуфтаанд: «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қайд карда наметавонад, қимату, манзалати забони миллати ғайрро низ этироф наметавонад кард.Мо бояд барои рушди забони давлатӣ ва риояи он аз тамоми имконият истифода барем».
Дар охир мудири кафедра Муҳамадиева К.М. суханронӣ карда, қайд намуд, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадим ба ҳисоб рафта таърихи бузург дорад. Ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик аст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд».