Таҷлили ҷашни Рӯзи Забони Давлатӣ дар кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ ба номи Я.А.Раҳимов

Таҷлили ҷашни  Рӯзи  Забони Давлатӣ дар кафедраи  анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ ба номи Я.А.Раҳимов

Санаи 5-уми октябри соли 2021 ба муносибати рӯзи Забони Давлатӣ дар кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ ба номи Я.А.Раҳимов бо донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ гурӯҳҳои куратории 44-45 дарси кушод баргузор гардид. Дар дарси кушоди тарбиявӣ омӯзгорони кафедра иштирок доштанд. Сараввал масъули бахши тарбияи кафедра Тулаганова С.М. роҷеъ ба мақому манзалати забони модарӣ ва ҷашни Рӯзи Забони давлатӣ суханронӣ карда, ҳамзамон омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо ин рӯзи пуршараф табрик намуд.

Донишҷӯёни курси 1 – уми гурӯҳҳои 44-45 Норов Фирдавс ва Раҳимова Амалябону бо маърӯзаи «Аз таърихи Забон» баромад намуда, Ниёзов Комрон, Абдураҳимов Дилангез, Мирзоҳалимова Омина, Назриддинзода Умеда ва Зоирова Фарангез шеър ва суханронӣ карданд.

Донишҷуён Сатторова Сабрина, Сатторов Далер, Сангова Манижабону, Киёмов Наврӯз ва Амиршоева Курбонби доир ба мавзӯи пешниҳодшуда фикру ақидаи худро баён намуданд.

 Омӯзгорони кафедра: Хоҷаева С.М

Ҷумъаева Г.С.


08.10.2021 242

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php