Таҷлили ҷашни Рӯзи табибон дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Ба муносибати рӯзи кормандони соҳаи тиб дар толори Синои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Хайринисо Юсуфӣ-муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар, Гулҷаҳон Абдуфатоҳзода-сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимзода Насим Хоҷа -вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дигар намояндагони соҳаи тандурустии кишвар иштирок доштанд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро ифтитоҳ намуда, кормандони соҳаро бо ин рӯзи таърихӣ таҳният намуд. Аз ҷумла иброз дошт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ соҳаи тандурустии кишвар ба маротиб рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳамчунин вазири тандурустӣ аз комёбию дастовардҳои назарраси соҳа ҳарф зад. Қайд карда шуд, ки нишони эътибори аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рӯз баҳри ҳифзи саломатии мардум заҳмат мекашанд. Аз ин хотир тазаккур бояд дод, ки давлату ҳукумат ҳамеша ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таъмини шароити моддиву маънавии коркунони тиб назари неку ояндабинона дорад.
Хайринисо Юсуфӣ-муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар низ зимни суханронӣ кормандони соҳаи тандурустиро бо ҷашни Рӯзи табибон табрик намуда, аз дастовардҳои мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронд.
Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода дар баробари табрики иштирокчиёни чорабинӣ бо ҷашни Рӯзи табибон, аз таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, қайд кард, ки имрӯз соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳим дар сиёсати давлати Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар идомаи чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор фаъолони соҳаи тибби кишвар ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Барномаи консертӣ бо иштироки ансамбли рақсии “Падида” чун армуғони ҷашнӣ ба иштирокчиёни чорабинии мутантан тақдим карда шуд.
Зуҳра Турсунова
Шуъбаи иттилоот ва нашрия