Таҷлили ҷашни «Меҳргон» дар Донишгоҳ

Таҷлили ҷашни «Меҳргон» дар Донишгоҳ

 «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».
                                                                                                    

Эмомалӣ Раҳмон


Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Бо дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол рӯзи 8 октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Иди Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардумии мо маҳсуб ёфта, ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накӯкорӣ, тантанаи  ранҷи  кашидаи  барзгарон аст, ки ниёгони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд. Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакати азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иду ҷашнвораҳои миллии тоҷикон аз нав эҳё гаштаву дар байни мардум ҷашн гирифта мешаванд.

Дар ин робита, ба хотири арҷгузорӣ ба суннатҳои оламшумули ниёгонамон бо ташаббуси Хадамоти ректори донишгоҳ, бахши маркетинги иҷтимоӣ дар якҷоягӣ бо устодону донишҷӯёни кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ санаи 12.10.2021 дар МТ шаҳраки «Шифобахш»-и МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ҷашни Меҳргон бо шукуҳи хоса баргузор шуд. Дар чорабинӣ мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ д.и.ф., профессор Саидов А.С., муовини декани факулитети тиббӣ Бурҳонова З.У., муаллимаи кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ СафароваМ.Ҷ. дар навбати худ оид ба бузургии ин ҷашн суханрониҳо карда, роҷеъ ба таърихи ҷашни Меҳргон нуқтаҳои муҳими илмиро ба саҳми ҷамъомадагон расониданд. Қайд кардан ба маврид аст,  ки дар рафти чорабинӣ аъзои дастаи «Шифо» аз эҷодиёти шуарои классику муосирамон ва ҳамчунин шеърҳои шогирдона эҷод намудаи худ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Гӯшаи намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ, сабадҳои меваҷоту сабзавот ва дигар расму оинҳои ба иди Меҳргон хос пешкаши ҳозирин гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби шабакаи телевизионии «Сафина» ва радиои «Фарҳанг» сабт гардида, пахши он тавассути бахшҳои хабарӣ ва барномаҳои махсуси идона дар назар аст.

 

   Бахши маркетинги иҷтимоии

  Хадамоти ректори донишгоҳ


04
03
02
01
13.10.2021 249

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php