Таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо 149 муассисаҳои олии кишварҳои дуру наздик!
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳким бахшидан ва густариши сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Мавқеи аслии муносибатҳои Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои ҷаҳон «Сиёсати дарҳои боз» ташкил менамояд ва имрӯз бештар аз 170 давлати дунё Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол мешиносанд. Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 130 мамлакати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад ва халқу миллатҳои дунё онро ҳамчун давлати мустақил, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва миллати тоҷикро миллати сулҳофару сулҳпарвар медонанду эътироф менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи роҳандозии сиёсати хориҷӣ мақоми махсусро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ пайдо намуд. Бояд қайд намуд, ки МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад ва рушди ҳаматарафаи ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотии хориҷиро аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дониста мешавад. МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” то ба имрӯз, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо 149 муассисаҳои олии кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла, Федератсияи Россия, ИМА, Олмон, Фаронса, Италия, Швейтсария, Британияи Кабир, Латвия, Литва, Эстония, Лаҳистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷопон, Ҳиндустон, Қозиқистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо созишномаҳои дуҷонибаро ба тасвиб расонидааст. Дар доираи созишномаҳои ба тасвибрасида пайваста ҳамкориҳоро дар самти омода намудани кадрҳои баланихтисоси соҳаи тиб, мубодилаи академӣ, такмили ихтисоси кормандон, амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногуни илмӣ-тадқиқотӣ, иштирок ва гузаронидани конференсияҳои илмии муштарак бо иштироки олимони соҳа ба роҳ мондааст. Инчунин, мактаби байналмиллалӣ бо иштироки намояндагони муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
Ҳамкориҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногуни байналмилалӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин қайд кардан лозим аст, ки дар раванди амалишавии лоиҳаҳои гуногуни байналмилалӣ, кормандони донишгоҳ мунтазам, таҳия ва коркарди дастурамалҳои клиникӣ ва стандартҳои миллӣ ҳамчун экспертҳо аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалии дар ҷумҳурӣ амалкунанда ҷалб карда мешаванд.
Чуноне, дар боло зикр намудем, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти байналмилалии донишгоҳ ба роҳ мондани робитаҳои судманд бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷалб намудани сармоягузориҳои хориҷӣ мебошад. Бинобар ин кормандони шӯъба дар ҳамкорӣ бо кафедраҳову сохторҳои донишгоҳ дар ин самт фаъолона кор бурда, бо як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ ба монанди Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат», Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), Фонди Глобалӣ, Фонди Сорос, DAAD, ТЕМПУС, МАГАТЭ, МНТЦ, UNFPA, Эрасмуз+ ва ғайраҳо ҳамкориҳои хуб ба роҳ мондааст.
Бояд қайд намуд, ки сармоягузории лоиҳаҳои гуногуни байналмилалӣ ҷиҳати рушди ҳаматарафаи донишгоҳ, беҳтар намудани заминаи моддиву техникӣ, мукаммал намудани барномаҳои таълимӣ, такмили ихтисоси омӯзгорону кормандон дар хориҷӣ кишвар, мубодилаи академии донишҷӯён, таҳия ва чопи маводҳои илмиву таълимӣ, дастрас намудани адабиёт ва дигар маводҳои таълимӣ ва техникаи ҳозиразамон истифода бурда мешаванд.
МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” қабули шаҳрвандони хориҷиро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ”, қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ, № 7/18 аз 29 апрели соли 2014 дар бораи “Қоидаҳои қабули довталабон-шаҳрвандони хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оинномаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ба роҳ мондааст.
Дар баробари донишҷӯёни ватанӣ, ҳамчунин, донишҷӯёни хориҷӣ низ дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки шурӯъ аз соли 1977 то ба имрӯз намояндагони зиёда аз 37 давлати дунё таҳсил намуда, тақрибан зиёда аз 2028 нафар шаҳрвандони хориҷӣ онро хатм намуданд, ки бештари онҳо ба даврони соҳибистиқлолии кишвар рост меояд. Ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба донишгоҳ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо давлатҳои ҷаҳон барои муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҷомеаи байналмилалӣ ҳамаҷониба имкониятҳоро фароҳам меорад. Ҳадафи роҳбарияти донишгоҳ дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ ин рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон-“Сиёсати дарҳои боз” мебошад ва барои таҳкиму татбиқи мақсадҳои гузошташуда пайваста талош менамояд.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор