Суҳбат – вохӯрӣ бо сардорону фаъолони курси якуми факултети тиббӣ

Суҳбат – вохӯрӣ бо сардорону фаъолони курси якуми факултети тиббӣ

Тибқи нақша-чорабиниҳои шӯъбаи кор бо ҷавонон вохӯрии раёсати Шуъбаи кор бо ҷавонон бо сардорону фаъолони курси якуми факултети тиббӣ дар мавзӯҳои “Роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус “СOVID-19”, “Риояи гигиенаи шахсию ҷаъмиятӣ” ва даъват ба аъзошавӣ дар дастаи волонтиёрони назди шӯъба баргузор гардид. Дар ин нишаст, ҳамчунин оид ба масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб,  гаравиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, даст назадани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ, худдорӣ намудан аз истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии  хусусияти ифротӣ ва терористию экстремистӣ дошта, масъалаҳои риояи низому қоидаҳои дохили донишгоҳӣ ва хобгоҳҳои он, ҳифз кардани обрӯ ва эҳтироми донишгоҳ,  касбият, қадр кардани устодон, ҳифз кардани Ваҳдати миллӣ,  сулҳу осоиштагӣ ва зери назари ҳамешагӣ қарор додани ҳаёти сиёсии ҷаҳони муосир дар толори лексионии МОМА-и шаҳраки Шифобахши донишгоҳ сӯҳбат карда шуд, ки дар он мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон, мутахассисону волонтиёрони назди шуъба ва зиёда аз 150- нафар донишҷӯён иштирок намуданд. 

Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон    Шарифов Қ.О.



8
7
6
5
4
3
2
1
22.10.2020 414

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php