Шанбегӣ дар кафедраи тибби оилавии №2
Санаи 8-уми майи соли 2021 дар кафедраи тибби оилавии №2, ки дар пойгоҳи Маркази саломатии шаҳрии №12 ҷойгир аст, бахшида ба 9-уми май- Иди Ғалаба бо шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст" шанбегӣ гузаронида шуд. Он таҳти роҳбарии ассистенти кафедра Раҳмонов Ё.Ҳ. гузашта, донишҷӯёни факултети тиббии бахши 5-и гурӯҳи 11 иштирок намуданд. Ҳадафи ин шанбегӣ ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани саҳни ҳавливу гирду атрофи муассисаи тиббӣ, инчунин қитъаи ба кафедра вобасташуда равона шудааст.
Иштирокчиён дар атрофи пойгоҳ ва боғи муассиса бехи дарахтонро нарм карда, партобҳои гирду атрофи соҳил ва ҷойҳои обгузари боғ ва роҳравҳоро тоза намуданд.
Лозим ба зикр аст, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди Душанбешаҳр ва муассисаи таълимӣ минбаъд низ бо ширкати васеи устодону донишҷӯён дар Пойгоҳҳои клиникии кафедра шанбегиҳо доир мегарданд.
Ассистенти кафедра - Раҳмонов Ё.Ҳ.
Мудири кафедра - Ёдгорова М.Ҷ.