Семинари илмӣ-омӯзишӣ оид ба бемориҳои равонӣ

Семинари илмӣ-омӯзишӣ оид ба бемориҳои равонӣ

Санаи 6 ва 7-уми майи соли 2019 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи лоиҳаи “Тоҷик Эйд” семинари илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуъи “Кор бо қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ, психотравматология ва дигар мушкилоти фишори равонӣ” бо иштироки олимони соҳаи психиатрия ва психология аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва олимон аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ДМТ, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, МД “Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи М.Ғ. Ғуломов”, МД “Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ” гузаронида шуд. Ҷиҳати оғоз бахшидани семинари мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори кишвари Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Нейтхарт Хюфер-Виссинг ба донишгоҳ ташриф овард. Аз ҷониби олимон маърӯзаҳо доир ба бемориҳои руҳӣ, зӯроварии хонаводагӣ ва психотравматология пешниҳоди иштирокчиён карда шуд.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ


4
3
2
1
15.05.2019     28