Сайри «Гули лола»

Сайри «Гули лола»

Рӯзи 16-уми апрели соли 2019 куратори гурӯҳи 2-и факултети педиатрӣ омӯзгор Раҳимов Т.Ф. бо аҳли гурӯҳи кураторӣ дар мавсими ҷашни «Гули лола» аз боғи Ирам дидан намуданд.

Донишҷӯён аз дидани зебоии боғ ва гулҳои рангобарангу сеҳри табиати биҳиштосои кишвар ба ваҷд омада, дар бораи хусусияти гули лола ҳар чӣ аз донишҳои назариявии биологӣ медонистанд, баён намуданд.

Зимнан зебоӣ ва накҳати баҳор бо таровати ин ҳолат, ҷилваи мурғони хушилҳони боғ ба руҳи донишҷӯён муассир буд ва бо гуфтани як порча аз қасидаи Манучеҳрии Домғонӣ дар бораи баҳору зебоии табиат, донишҷӯён ба хондани порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти шоирони классикиву муосир ва байтҳои алоҳида дар бораи гул, зебоии табиат, накҳати гулу райҳон ва дилангезии маъшуқаи сангиндил, хотирҳоро болида ва таъби худу дигарон болидатар доштанд. Хусусан донишҷӯён Абдуллоева М., Азимова Д., Ҳуснияи Нуралӣ., Муминова М., Муҳаммадназарзода Д., Сулаймонзода Ҷ., Кавраков Ш., Холмуродзода Ш., Исматова Р., Оқилова Н., Мадинаи А. дар қироати шеър фаъол ва хушзавқ буданд.

Дар охир донишҷӯён дар ҳар гӯшае расмҳои хотиравӣ гирифта, ба волидайн ва наздикони худ ирсол намуданд.

Дидани чунин ҷойҳои зебову фарҳангӣ ва фароғати чанд лаҳзаина ба руҳияи донишҷӯён таъсири мусбат расонида, андаке ҳам бошад, аз ташвиши дарсу рӯзгор озод намуда, инчунин ба тарбияи зебопарастӣ ва маънавии онҳо мусоидат менамояд. 

Омӯзгори каф. забони тоҷикӣ  -  Т.Ф.Раҳимов



17.04.2021 520

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php