Сафари хизматии устодони донишгоҳ ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод

Сафари хизматии  устодони донишгоҳ  ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод
Ҳафтаи равон мутобиқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 18.07.2020 №89/1 бо мақсади иҷроиши банди 16-и Нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи бемории нави коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи дастури вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сафари хизматӣ аз 20.07.2020 то 24.07.2020 ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод анҷом дода шуд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод: 1-беморхонаи марказӣ, 3-беморхонаи минтақавӣ, 5- маркази саломатӣ, 21- бунгоҳи тиббӣ, 7-маркази махсусгардонидашуда ба 48609 нафар аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд.
Дар ноҳия ситоди ноҳиявӣ барои пешгирии бемории нави коронавируси COVID-19 амал намуда истодааст. Гуруҳҳои кории ташкилшуда аз ҳисоби донишҷӯён, интернаҳо, орденатрони клиникӣ ва аспирантон дар якҷоягӣ бо кормандони тибби ноҳия оиди баланд бардоштани фарҳанги тиббии аҳолӣ ва риоя намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ корҳои тарғиботӣ ва ташфиқотиро анҷом доданд.
Гуруҳҳои корӣ иборат аз 73 нафар кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва 20 нафар кормандони ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт гардиши хона ба хона ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда, беморони ниёзмандро ёрии авалия расониданд. Инчунин аз ҷониби устодони донишгоҳ профессор Юнусов И.А. ва Таибов С.А. машваратҳои ройгон дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод гузаронида шуд.
Дар маҷлисгоҳи беморхонаҳои ноҳиявӣ бо гуруҳҳои кории ташкилшуда: донишҷӯён, интернаҳо, орденатрони клиникӣ ва аспирантон дар якҷоягӣ бо кормандони тиббии ноҳия, дар бораи ин вабои аср аз ҷониби устодон маълумоти пурра дода шуд ва таъкид гардид, ки авҷи пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ҳанӯз паси сар нашудааст, бинобар ин риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва маслиҳату тавсияи мутахассисон ҳатмист.
Ба табибону мутахассисони соҳа тавсия дода шуд, ки то аз байн рафтани ин беморӣ ҳамагонро мебояд, баҳри муҳофизати худ аз қоидаҳои умумие, ки зарурист, риоя намоянд. Ба мисоли рӯкаш намудани узвҳои нафаскашӣ, шустани дастон пеш аз истеъмоли ғизо ва дигар талаботи тавсиявӣ. Сокинон бояд хуб дарк кунанд, ки гаштугузор ва баромадани бидуни зарурат аз хона метавонад омили сироятёбӣ гардад. Бинобар ин, ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набарояд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ дорад.
Дар ноҳияи Тоҷикобод аз саршавии беморӣ то санаи 24.07.2020 ба 89246 нафар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст. Дар ин давра ҳамагӣ 53 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуда, 43 нафар бистарӣ гардонида шудааст, 43 нафараш ба пуррагӣ шифо ёфтааст, 2 нафар фавтидааст,10 нафар дар шароити хона ба табобат фаро гирифта, ба пуррагӣ шифо ёфта, аз назорат бароварда шудаанд. Корҳои безараргардонӣ хуб ба роҳ монда шуда, табибон ва беморон аз кӯмакҳои башардустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра бархурдор гаштаанд. Қайд кардан зарур аст, ки дар ин давра 63 нафар муҳоҷироне, ки 99% шаҳрвандони ноҳияи Лахш буданд, ҳангоми бозгашт аз Ҷумҳурии Қирғизистон дар ду беморхонаи минтақавии Нушор ва Ширинчашма муҳлати 14 рӯз таҳти назорат қарор гирифта, дар ин муҳлат бо дастгирии шахсони саховатпеша бо маводи ғизоӣ ва доруворӣ таъмин гардида, ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.
Дар ноҳияи Рашт як маркази саломатии ноҳиявӣ, 19-марказҳои саломатии деҳотӣ, 49- бунгоҳи тиббӣ фаъолият дошта, ба 129 ҳазору 829 нафар аҳолӣ хизмат мерасонад. Дар ноҳия 1158 нафар бемор ба қайд гирифта шуда, ба пуррагӣ табобат гирифтанд. Ҳоло дар ноҳия 4 нафар бо гумони сироят ба бемории коронавирус, таҳти назорат ва табобати табибон қарор доранд.
Дар ноҳия ситоди ноҳиявӣ барои пешгирии бемории нави коронавируси COVID-19 амал намуда истодааст. Гуруҳҳои кории ташкилшуда аз ҳисоби донишҷӯён, интернаҳо, орденатрони клиникӣ ва аспирантон дар якҷоягӣ бо кормандони тиббии ноҳия оиди баланд бардоштани фарҳанги тиббии аҳолӣ ва риоя намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ корҳои тарғиботӣ ва ташфиқотиро анҷом доданд.
Сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Таибов С. А.


Сафари хизматии устодони донишгоҳ ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод
Сафари хизматии устодони донишгоҳ ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод
Сафари хизматии устодони донишгоҳ ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод
Сафари хизматии устодони донишгоҳ ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод
Сафари хизматии устодони донишгоҳ ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод
Сафари хизматии устодони донишгоҳ ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод
24.07.2020 641

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php