Сафарбар гаштани донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ
Санаи 02.07.2021 ассистенти кафедраи эпидемиология Давронзода Икром ва мутахассиси шуъбаи таҷрибаомузии истеҳсолии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» Усмонов Б.Н. бо донишҷӯёне, ки ба шаҳру ноҳияҳо мувофиқи фармони ректор барои гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ сафарбар карда шуда буданд, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бустон, инчунин ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов вохӯрӣ гузарониданд. Масъулин оид ба моҳият ва заруратӣ таҷрибаомӯзӣ бо донишҷӯён суҳбатҳо ороста, дар мавзӯи қоидаҳои беҳдошт ва риояи гигиенаи шахсию ҷаъмиятӣ, чораҳои пешгирикунанда ва ҳифз намудани худ ва наздикон аз бемории сироятии COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд. Ҳамзамон тибқи барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ донишҷӯёнро ба шӯъбаҳои дахлдори беморхонаҳо сафарбар намуданд.
Дар ҳар шаҳру ноҳия муовинони сардухтур оид ба муолиҷа баромад намуда, ба донишҷӯён қоидаҳои дохилии беморхонаро фаҳмониданд.
05.07.2021
312