СӮГВОРӢ
29 сентябри соли 2018 риштаи умри донишҷӯи курси 4, гурӯҳи 13 - и факултети тиббӣ Ҷабборов Шердил Ҷабборович нобаҳангом канда шуд. Шердил 20 феврали соли 1997 дар шаҳри Бӯстон, ба дунё омада, баъди хатми мактаб-интернати №3, соли 2015 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд. Дар тӯли 4 соли таҳсил бо рафтори намунавӣ ва ахлоқи ҳамида таҳсил намуда, дар чорабиниҳои донишгоҳӣ ва берун аз он фаъолона ширкат варзидааст. Ин аст, ки дар байни устодону ҳамсабақон эҳтироми хосаро соҳиб гашта буд. Марги бармаҳали падару модар ӯро ба ҳангоми кӯдакӣ аз навозишу меҳрубонии онҳо маҳрум кард. Марҳум дар Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ҳамчун ятими кулл ба қайд гирифта шуда буд ва ҳама вақт аз ҷониби раёсати донишгоҳ ва кумитаи мазкур дастгирӣ меёфт.
Ҷабборов Шердил аз хурдӣ орзуи табиб шуданро дар дил мепарварид ва дар ин роҳ аллакай қадамҳои аввалинро гузошта буд. Вале сад афсус, ки риштаи умри ин ҷавони илмдӯст дар нимароҳ канда шуду орзуҳои худро ба хок бурд. Кулли устодону донишҷӯёни донишгоҳ аз марги бемаҳали Ҷабборов Шердил андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони ӯ аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.
Раёсати донишгоҳ,
Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён