Рӯзи Президенти Тоҷикистон бо ифтитоҳи агрегати 1-уми НБО-и Роғун тавъам омадааст

Рӯзи Президенти Тоҷикистон бо ифтитоҳи агрегати 1-уми НБО-и Роғун тавъам омадааст

       Дар мамлакати азизамон 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Боиси хушнудист, ки имсол ин ҷашн бо ифтитоҳёбии чархи якуми НБО-и Роғун тавъам омадааст. Зеро, мавриди истифода қарор гирифтани НБО-и Роғун дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз рӯйдодҳои муҳим маҳсуб меёбад.


      Дар толори Сино бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи НБО-и Роғун санаи 13-уми ноябри соли ҷорӣ ҷамъомади тантанавӣ ва илмӣ-адабӣ бо иштироки аъзои раёсат, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ доир гашт. Ҷамъомадро ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. оғоз бахшида, дар бораи хизматҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти таърихии НБО-и Роғун суханронӣ намуд. Сипас, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ А.С.Саидов, омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Шоира Сайдализода ва ассистенти кафедраи беҳдошт ва экология М.И. Ҷумаева дар мавзӯҳои «Президент-ҳомиии ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон», «Солнома ё худ хронологияи сохтмони иншооти аср-НБО-и Роғун» ва «Роғун-кохи нур…» суханронӣ карданд.


       Намоиши барномаи консертии дастаи «Шифо» дар фарҷоми ҷамъомад писанди аҳли толор гардида, ба маҳфил ҷилои фарҳангӣ бахшид.

 

Шуъбаи тарбия ва фарҳанг


14.11.2018 542

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php