Баргузории рӯзи Эразмус + дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Дар санаи 20-уми декабри соли ҷорӣ дар донишгоҳ “Рузи маълумотдиҳӣ оид ба барномаи Эразмус+” аз ҷониби кормадони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва намояндагони расмии барномаи Эразмус + дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар Дар чорабинии болозикр ҲПО ва донишҷӯёни донишгоҳ ҷалб гардиданд. Дар рафти вохӯри ҳамоҳангсози барнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинова Заррина бо иштирокчиёни чорабинӣ мулоқот намуда доир ба иштироки донишгоҳ дар барномаи Эразмус+ ва иштироки донишҷӯён дар барномаи мубодилаи академӣ тариқи барномаи Эразмус + маърӯза намуд. Ҳамзамон донишҷӯёне, ки тариқи барномаи Эразмус+ тайи як нимсола дар донишгоҳҳои Милани Италия ва Донишгоҳи тандурустӣ ва илмҳои Литва идомаи таҳсил намуданд, фикру ақидаҳои худро пешкаши донишҷӯён намуданд. Инчунин сармутахассиси шуъба Эгамназаров Ҳ.Н. ва Шарипос С. Доир ба фаъолияти лоиҳаҳое, ки аз ҷониби барномаи Эразмус+ дар донишгоҳ амали шуда истодаанд, маърӯзаҳо намуданд. Дар охир ба саволҳои иштирокчиён сардори шуъба ва ҳамоҳангсози барнома ҷавобҳо гардониданд.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
21.12.2019
763