ПРОБЛЕМАИ ГЛОБАЛИИ ТЕРРОРИЗМ

ПРОБЛЕМАИ  ГЛОБАЛИИ  ТЕРРОРИЗМ

     Амалҳои террористии ибтидои асри ХХ

16 – 17 сентябри соли 1982, канораи шаҳри Бейрут. Насрониён – фалангистони лубнонӣ дар урдӯгоҳҳои гурезагони фаластини дар Сабра ва Шатила бо мақсади пайдо кардани ҷангиёни фаластинӣ амалиёти ҳарбӣ гузарониданд, ки он ба қатли оми мардуми осоишта табдил ёфт. Дар натиҷа, дар Сабра ва Шатила аз рӯйи ҳисобҳои гуногун аз 700 то 3500 нафар мардуми бегуноҳ кушта шуд.

31- уми октябри соли 1984, Деҳлии нав. Беант Сингх ва Савтант Сингх муҳофизони сикхии Сарвазири Ҳиндустон Индира Гандиро ба қатл расониданд.

Соли 1991, Мадрас. Аз дасти террористони гурӯҳи “Палангони Тамил Илама” писари Индира Ганди, Сарвазири Ҳиндустон Раҷив Ганди ба ҳалокат расид.

20 - уми марти соли 1995, Токио. Амали террористӣ бо истифода аз гази зарҳролудкунандаи зарин дар истгоҳҳои метрои Касумигасэки ва Нагататё рух дод. 12 нафар кушта ва 54 нафар заҳролуд шуданд. Ин амали террористиро созмони Аум Синрикё ба ӯҳда гирифта буд.

9 – уми сентябри соли 1999, таркиш ва фурӯравии хонаи истиқоматии нӯҳошиёна дар кӯчаи Гурянови шаҳри Маскав. 97 нафар кушта ба ҷой гузошт.

13 – уми сентябри соли 1999, таркиш дар бинои истиқоматии 8 ошиёнаи №6 дар ноҳияи Кашираи шаҳри Маскав. 121 нафар кушта ба ҷой гузошт.

9 – уми сентябри соли 2001, шаҳраки Хоҷабаҳовуддин дар вилояти Тахори Афғонистон. Дар натиҷаи амалиёти террористӣ фармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва “Ҷабҳаи муттаҳид” Аҳмадшоҳи Масъуд ба шаҳодат расид.

11 – уми сентябри соли 2001, шаҳрҳои Ню – Йорк, Вашингтон ва Пенсилванияи ИМА. Ду ҳавопаймо, ки аз тарафи террористон рабурда шуда буд, ба биноҳои осмонхароши Маркази ҷаҳонии савдо ва як ҳавопаймо ба Вазорати мудофиаи ИМА (Пентагон) бархӯрданд, ҳавопаймои дигар дар наздики шаҳри Пенсилвания суқут кард. Аз рӯйи маълумотҳои расмӣ дар Ню – Йорк 2749 нафар, дар Вашингтон 189 нафар, дар Пенсилвания 44 нафар кушта шуданд.

23 – юми октябри соли 2002, ба гаравгон гирифтани 1000 нафар тамошобин дар маркази театрӣ дар Дубровкаи шаҳри Маскав. Қурбонии ин амали террористӣ 129 нафар гардида, беш аз 700 нафар захмӣ шуданд.

11 – уми марти соли 2004, шаҳри Мадрид. Дар натиҷаи таркишҳо дар 4 қатораи мусофирбари наздишаҳрӣ 191 кас кушта ва 2050 нафар захмӣ гардиданд.

1-3 – юми сентябри соли 2004. Дар мактаби рақами 1 шаҳри Беслани Осетияи Шимолӣ террористон 1100 нафар хонанда, падару модарони онҳо ва кормандони мактабро дар муддати 3 рӯз гаравгон гирифтанд. Дар натиҷа, 350 нафар аз ҷумла гаравгонон ва наҷотдиҳандагони онҳо кушта шуданд.

7 – уми июли соли 2005, Лондон. Соати 8.50 дар фосилаи 50 сония 3 таркиш дар вагонҳои метрои Лондон ва баъд аз 1 соат таркиши чорум дар автобус ба амал омад. Дар натиҷа 52 кас кушта ва 700 нафар захмӣ гардид.

18 – уми октябри соли 2007, шаҳри Карочии Покистон. Дар таърихи Покистон хунинтарин амали террористӣ рӯй дод. Дар роҳи ҳаракати қатори мошинҳои собиқ Сарвазири кишвар Беназир Бҳутто, ки аз муҳоҷират баргашта буд ва дар яке аз кӯчаҳои ин шаҳр ҳаракат мекард, ду таркиши мудҳиш ба амал омад. Шумораи кушташудагон ба 140 нафар расида, беш аз 500 нафар захмӣ шуданд.

27 - уми декабри соли 2007, Равалпинди. Беназир Бҳутто, ки дар як гирдиҳамоӣ бо ҷонибдоронаш иштирок дошт, мавриди амали террористӣ қарор гирифт. Террористи маргталаб аввал ба сӯйи ӯ тир андохт ва сипас дастгоҳи таркандаро ба кор даровард. Дар натиҷа, Беназир Бҳутто ва боз 20 нафари дигар ба ҳалокат расиданд.

14 – уми ноябри соли 2015 дар Фаронса. Дар як вақт 7 ҳамла дар ноҳияҳои маркази Фаронса суръат гирифт, ки дар натиҷа зиёда аз 140 нафар ба ҳалокат расида садҳо нафар захмдор шуданд.

31 – уми январи соли 2015 дар кучаи Сайид Зайнаби шаҳри Димишқ се таркиш ба вуқуъ омад. Дар натиҷа даҳҳо автомобил ва мағоза оташ гирфтанд. Хонаҳои дар наздикии ин амалиёт воқеъбуда хароб гаштанд, 59 нафар ба ҳалокат расида, 128 нафар захмӣ бардоштанд.

13 – уми марти соли 2016 дар маркази Истамбул пойтахти Туркия дар истгоҳи автобус амали террористӣ суръат гирифт. Дар қароргоҳи кишвар ҳангоми иҷтимои одамон дар мобайни ду автобус мошинро тарконданд, ки дар натиҷа 37 нафар ба ҳалокат расида, 125 нафар захми бардоштан.

22 - юми марти соли 2016, Белгия. Ду таркиш дар фурудгоҳи Брюссел ва як таркиш дар истгоҳи метро ба вуқуъ омад, ки 36 нафар ҷони худро аз даст дода, даҳҳо нафар захм бардоштанд.

14 – уми июли соли 2016 дар Нитса амали террористӣ ба вуқуъ омад. Марди 31 солаи зодаи Тунис автомашинаи боркашро ба болои одамони пиёдарав ронд, 86 нафар ба ҳалокат расид ва 308 љароњат бардошт.

 

ШУЪБАИ ТАРБИЯ


07.08.2023 860

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php