ПРОБЛЕМАҲОИ ГЛОБАЛӢ ВА СИЁСАТИ ЭКОЛОГӢ
Дар рафти пешрафти тамаддун инсоният борҳо ба проблемаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ гардидааст. Қисме аз ин проблемаҳо характери умумисайёравиро доро буданд. Ин проблемаҳо танҳо дар охири асри XXI ҷиддӣ сайёраро фаро гирифтанд. Чунки ҳеч вақт инсоният дар пеши назари як насл 2,5 маротиба зиёд нашуда буд. Дар баробари ин проблемаи демографӣ низ ба амал омад. Инқилоби илми-техникӣ ба сатҳи инкишофи постиндустриалӣ расид ва кашфи кайҳон амалӣ гардид. (Индустриализация- саноати аз ҷиҳати техникӣ тараққикарда, олоту воситаҳои истеҳсолот). Инсон дар ин давра ба миқдори зиёд захираҳои табииро истифода мебурдагӣ шуд ва дар баробари ин ҳамон қадар партовҳоро ба муҳити атроф бармегардонид. Яъне ҳеҷ вақт инсоният ба чунин сатҳи баланди илмию техникӣ нарасида буд. Ҳамзамон дар ин давра ҷанги сард инсониятро ба худнобудкунӣ хеле наздик овард.
Солҳои охир мафҳуми экология васеъ паҳн гардид. Дастовардҳои илмию техникӣ ба таври васеъ истифода кардани захираҳои табии, сабаби ба вуҷуд омадани миқдори зиёди партовҳо дар рӯи замин гардида, ҳамаи ин ба зиддиятҳо бо имкониятҳои сайёра дохил мешавад. Ба имкониятҳои сайёра дохил мешаванд: иқтидори захираҳо-боигариҳо, захираи оби ширин (пресная вода), худтозашавии атмосфера (ҳаво), об, дарё, баҳр, уқёнус.
2. Ҷанбаҳои проблемаи экологӣ;
1. Бӯҳронҳои экологие, ки дар натиҷаи равандҳои табиӣ ба амал омадаанд.
2. Бӯҳронҳои экологие, ки дар натиҷаи таъсири антропогенӣ ва исрофкоронаю нобаробар истифода бурдани табиат.
Обшавии пиряхҳо, хуруҷи вулканҳо, тӯфонҳо, обхезиҳо ва ғайра барои сайёраи мо омилҳои муқаррарӣ мебошанд.
Ҳалли чунин проблемаҳо аз рӯи имкониятҳои пешгӯӣ намудан амалӣ мешавад. Аммо буҳронҳои дигари экологӣ ба вуҷуд омадаанд. Инсон дар муддати садсолаҳо беназорат ва беҳад ҳамаи он ҷиро, ки табибат дод гирифт ва барои ҳар як қадами ноҷо ва нодуруст истифода кардани захираҳо табиат «касди» худро мегирад. Масалан баҳри Арал, садамаи Чернобыл, БАМ, кӯли Байкал ва ғайра. Проблемаи асосӣ аз ӯҳдаи партовҳои фаъолияти инсон, вазифаи худтозакунӣ ва таъмир баромада натавонистани сайёра. Биосфера бошад хароб шуда истодааст. Биосфера (юн) паҳн шудани ҳаёт дар рӯи замин мебошад. Барои ҳамин хатари худнобудкунии инсон дар натиҷаи фаъолияти ҳаёташ имконпазир гардидааст.
Табиат таъсири ҷомеаро аз рӯи чунин самтҳо меозмояд:
-Истифодабарии қисматҳои (компонентҳои) муҳити атроф ба сифати манбаи захираҳои истеҳсолот;
-таъсири фаъолияти истеҳсолии одамон ба муҳити атроф;
-фишори демографӣ ба табиат (дар хоҷагии қишлоқ истифода намудани замин, афзоиши аҳолӣ, афзоиши шаҳрҳои калон).
инҷо дар якҷо чандин проблемаҳо аз ҷумла, захиравӣ, озуқаворӣ, демографӣ якҷоя ба ҳам печида ҳамааш ба проблемаи экологӣ роҳ меёбанд. Ҳолати имрӯзаи сайёра бо якбора бад шудани муҳити атроф яъне ифлосшавии ҳаво, дареҳо, кӯлҳо, баҳрҳо, нест шудани бисер намуди ҳайвонот, растаниҳо, деградатсияи замин биёбоншавӣ ва ғайра тавсиф меёбад.
Таъсири фаъолияти номувофиқи инсон ба биосфера (паҳн шудани ҳаёт), атмосфера (қабати газноки замин), гидросфера (қабати номураттафи обии замин), литосфера (қишри замин, қисми сахти болои замин, 35-40 км, дар уқёнус 5-10 км) паҳн гардидааст.
Ин ихтилоф хавфи бавуҷудоии тағйиротҳои бебозгашт дар системаи табии, вайроншавии шароити табии ва сарватҳо, мавҷудияти наслҳои сокинони сайёраро ба вуҷуд меорад. Афзоиши қувваҳои истеҳсолкунандаи табиат, афзоиши табиат, урбанизация (шаҳришавӣ), прогреси илмӣ-техникӣ ин равандҳоро суръат мебахшад.
3.Гармшавии иқлим
Ҳатто тамоюли гармшавии иқлими сайёра ҳам бо ифлосшавии атмосфера алоқамандӣ дорад. Гази ангедриди карбони (углекислый газ) энергияи нурҳои обтобро мегузаронад вале афканишоти гармии заминро бозмедорад ва ҳамин тавр таъсири гармхонавиро (парниковый эффект) ба вуҷуд меорад. Мавҷудияти диоксиди углерод дар атмосфера дар натиҷаи буридан ва сӯзонидани ҷангал, ифлосшавӣ аз партовҳои саноатӣ, газҳои нимсӯз зиёд мешавад.
Таъсири тамаддуни инсонӣ ба иқлими замин ҳақиқати ҳузнангез аст. Таъсири гармхонавӣ (парниковый эффект) ба миқдори боришот, самти шавмол, қабати абрҳо, ҷараёни уқёнусҳо ва андозаи қабати болоии пиряхҳои қутбиро дигаргун менамояд. Дар натиҷа баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ низ ба амал омада, барои давлатҳои ҷазирагӣ мушкилиҳо пеш меоянд.
Пешгӯи оиди дар қисматҳои ҷудогонаи замин ба амал омадани раванди глобалии гармшавии иқлим мавҷуд аст. Аммо оқибати он дар миқёси ҷаҳонӣ маълум нест. Ва танҳо илм маълумоти дақиқ дода метавонад.
Қисми муҳими атмосфера, ки ба иқлим таъсир мерасонад ва ҳамаи мавҷудоти зиндаро аз нурафкании офтоб ҳифз мекунад ин қабати озонӣ мебошад. Озони атмосфера шуоафкании сахти ултрабунафшро фуру мебарад. Нақши асосиро дар раванди падоиш ва вайроншавии озон оксидшавии азот, металлҳои вазнин, фтор, хлор ва бром иҷро мекунад.
Мушоҳидаҳо бо воситаҳои моҳвораҳои (спутникҳои) сунъӣ камшавии сатҳи озонро нишон медиҳанд.
Аз гуфти олимон бо афзошии шиддатноки радиатсияи ултрабунафш бемориҳои чашм ва окологӣ авзуда мутатсия (тағйироти хусусияти ирсии организм) пайдо мешавад ва инсон, уқёнуси ҷаҳонӣ, иқлим, олами набототу ҳайвонот зери хатар мемонад.
Ба экология ҳамчунин ифлосшавии радиоактивии муҳити атроф (энергетикаи атом, санҷиши яроқи ядроӣ) таъсир мерасонад.
Баъди садамаи стансияи атомии Чернобил қисме аз олимон тарафдори пурра аз стансияҳои атомӣ даст кашидан ва кисми дигар тарафдори минбаъда зиёд кардан мебошанд.
МАГАТЭ бошад исбот мекунад, ки оянда бояд тамоми ҷаҳон бо энергияи атомӣ таъмин гардад. Ин энергия дар ҳақиқат аз нигоҳи экологӣ безарар мебошад.
4. «Ҷаҳони сеюм»
Ҳолати иҷтимоӣ-экологӣ дар мамлакатҳои тараққикунанда ба пайдоиши феномени «ҷаҳони сеюм» оварда расонид:
«Ҷаҳони сеюм» чунин тавсиф мешавад:
1. хусусияти хоси табии минтақаи тропики тамоюли анъанавии инкишоф, ки ба зиёд шудани фишор ба биосфера (афзоиши тези аҳолӣ, хоҷагии қишлоқи анъанавӣ ва ғайра) оварда мерасонад;
2. алоқамандӣ ва аз ҳамдигар вобатагӣ доштани минтақаҳои гуногуни ҷаҳон (кӯчонидани ифлосиҳо);
3. суст тараққӣ кардани ин давалтҳо ва вобаста будан аз дигар давлатҳои пешрафта.
Агар барои давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ пешрафта проблемаҳои экологӣ «характери индустриалӣ» дошта бошанд, барои давлатҳои тараққикунанда дар барзиёд истифода кардани захираҳои табиӣ (ҷангал, хок ва боигариҳои табиӣ). Ё ин ки, агар давлатҳои тараққикарда аз «боигарии худ» ранҷ баранд давлатҳои тараққикунанда аз «қашшоқӣ» азият мекашанд.
Давлатҳои тараққикунанда ҷаҳони тараққикардаро барои ифлосшавии муҳити атроф, васеъ шудани сурохии озони, эффекти гармхонавӣ гунаҳгор мекунанд.
Ба ақидаи онҳо давлатҳои иқтисодиёташон тараққикара бояд барои пешгирии хатарҳои экологӣ, масъулиятро ба душ гиранд.
Дарахт ва замин барои гирдгардиши глобалии кислород ва углерод (оксиген ва карбон) аҳамияти калон доранд. Ин махсусан бо сабаби тағйирёбии обу ҳаво, ки сабабаш дар ҳаво афзудани гази карбон аст муҳим мебошад.
Айни замон барои талабот ба чуб зиёд шудан дар аврупо масоҳати майдонҳои ҷагал афзуда истодааст. Дар давлатҳои ҷаҳони сеюм бошад баръакс ба миқдори зиёд ҷангалҳои намноки тропикӣ нобуд шуда истодаанд, ки ин ҷагалҳоро «шуши сайёра, меноманд. Сабаби камшавии ҷангалҳо дар инҷо азхудкунии заминҳо, ба сифати хезум истифода бурдани дарахтон, ва фурӯхтани чӯб ба ҳисоб меравад.
Буридани ин ҷангалҳо 10 маротиба зиёд аст нисбат ба барқарор намудан. Камшавии бусуръати ҷангалҳо дар ҷанубу шарқии осиё пас аз 15-20 сол ба пурра нобуд шудани онҳо оварда мерасонад. Ҷангалҳои намноки тропикӣ аҳамияташ хеле калон аст ва нобудшавии он офати иқтисодӣ барои ҳамаи сайёра мебошад. Нобудшавии ин ҷагалҳо сабаби камшавии оксиген ва зиёдшавии карбон гардида сабаби нобуд шудани бисер намуди растанию ҳайвонот мешавад. Нобудшавии ҷангалҳои кӯҳӣ ба холишавии кӯҳҳо оварда мерасонад.
Биёбон ва нимбиёбон беш аз се ҳиссаи хушкиро ташкил медиҳад ва дар ин масоҳат 15 % аҳолии замин зиндагӣ мекунад. Дар 25-30 соли охир дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидории одамон зиёда аз 9 млн метри квадратӣ биёбон пайдо шудааст. Сабаби ин аз ҳисоби чаронидани зиёди чорво кам шудани растаниҳои буттагӣ, афзудани майдони чарогоҳҳо, буридани дарахтон ва буттаҳо барои сӯзишворӣ, сохтмони роҳҳо ва саноат ва ғайра. Ба ин равандҳо боз эрозияи бодӣ, хушкшавии қабати болои замин ва хушксоли илова мешавад. Ин ба камҳосил шудани заминҳои «ҷаҳони сеюм» оварда мерасонад. Махз дар ин давлатҳо аҳолӣ афзоиш ёфта, талабот ба озуқа зиед мешавад.
Ҳамин тавр дар олам ба ҷойи проблемаҳои идеологӣ проблемаҳои экологӣ пайдо мешавад. Ба ҷойи проблемаҳои муносибати байни миллатҳо проблемаи миллатҳо ва табиат ба амал меояд. Бинобар ин инсонро лозим аст, ки муносибати худро бо табиат ва бехатарӣ диҳад. Дар ҷаҳон хароҷоти ҳарбӣ дар як сол 1 триллионро ташкил диҳад ҳам барои назорат бурдан ба тағйирёбии глобалии иқлим, таҳқиқи системаи экологии нобудшавии ҷангалҳои намноки тропикӣ ва биёбоншавӣ ягон хел маблағ ҷудо намешавад. Имрӯз давлатҳо бехатариро танҳо аз нуқтаи назари ҳарбӣ мебинанд. Гарчанде ҳанӯз ҳам эҳтимолияти саршавии ҷанги ядроӣ вуҷуд дошта бошад ҳам, зери мафҳуми амният бояд ғамхорӣ дар бораи муҳити зист низ фаҳмида шавад.
Роҳи табии зистан ин баланд бардоштани стратегияи эҳтиёткорона дар муносибат бо ҷаҳони атроф мебошад. Дар ин раванд бояд тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳони ширкат намоянд. Инқилоби экологӣ ҳамон вақт ғалаба мекунад, ки одамон аз нав ба худ ҳамчун як қисми ҷудонашавандаи табиат, ки аз он ояндаи онҳо ва ояндаи наслҳояшон вобастагӣ дорад нигоҳ кунанд.
ШУЪБАИ ТАРБИЯ