ПОКИЗА ШАВУ РОСТ БИЗӢ, ИЛМ БИОМӮЗ!
Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон қадимтарин маскунони Осиёи Марказӣ буда, дар тамаддуни умумибашарӣ нақши босазое гузоштаанд. Гарчанде дар пойдории истиқлолияти сиёсӣ фарзандони фарзонаи миллат чун Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон нақши босазо гузошта бошанд, пас дар поягузории истиқлолияти фарҳангӣ шоирону абармардони миллат А.Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Ҷ. Бвалхӣ, Хайём ва ҳазорон дигар олимону адибон бо ганҷинаи пурбаҳои маънавии хеш саҳми арзишманд гузоштанд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз низ тамоми шаҳрвандони мамлакат дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо хотири таҷлили сазовори 30- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм фуруғи маърифат» ва «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд. Илму китоб мероси ниёгон ва хиради азалии миллати куҳанбунёди тоҷик буда, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар боз ҳам равнақ ёфта рушд карда истодааст.
МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» чун дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар озмунҳои «Илм фуруғи маърифат», «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», «Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат», «Хонандаи беҳтарини шоҳасари «Тоҷикон» - и Бобоҷон Ғафуров», иншоҳои беҳтарин дар мавзӯъҳои «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Обҳои шифобахши Тоҷикистон» ва озмуни интелектуалии «Ҷилои бахт» -ро ба нақша гирифта буд ва ҳоло давраи ҷамъбастии онҳо гузашта истодааст.
Бо ҳамин ҳадаф санаи 05.05.2021 дар донишгоҳ даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Қобили зикр аст, ки озмун аввал дар кафедраҳои забони тоҷикӣ ва фанҳои ҷомеашиносӣ доир гардида, дар он зиёда аз 40 нафар донишҷӯ иштирок намуданд. Дар даври ниҳоии озмун 15 нафар ғолиб омада, ба даври дуюми озмуни ноҳиявӣ пешниҳод карда шуданд.
Шуъбаи тарбия
06.05.2021
2585