ПЕШВОИ СУЛҲОВАР

ПЕШВОИ СУЛҲОВАР

Дар замири ҷавонони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло дорад.

Аз ин лиҳоз, ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректори донишгоҳ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Исмоили Сомонӣ санаи 13.11.2020 дар толори «Сино»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷамъбасти озмуни адабӣ-фарҳангии «Таронаи беҳтарин» дар васфи Пешвои миллат миёни ҷавонони боистеъдод дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид.

Пас аз суханрониҳои меҳмонон ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино муҳтарам Гулзода М.Қ. ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои дар пеш истода таҳният намуда, ҳамзамон аз корнамоиҳои пурарзиши Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон мухтасар ёдоварӣ кард. Ғамхорию дастгириҳои сарвари давлатамонро дар тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан соҳаи тандурустӣ ва маориф хотиррасон намуда, иброз дошт, мо низ бояд содиқона дар бари Президенти маҳбубамон, баҳри ободии кишвари азиз, камари ҳиммат бибандем.

Дар озмуни мазкур муҳасилини муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ҳунару маҳорати сурудхонии худро пешкаши ҷамъомадагон намуданд. Бояд иброз дошт, ки аъзои дастаи “Шифо”-и назди бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Ғаюрова Шукрона - донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ, гуруҳи 29 бо суруди “Сад шукр, ки мо Тоҷикистон дорем” дар матни Нурулло Ориф, оҳанги Эмомалӣ Файзов ва Гифти Селвираҷ - донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ, гуруҳи 11 бо суруди “Алла” дар матни Эмомалӣ Файзов, оҳанги халқ ҳунарнамоӣ карданд.

Пас аз баромади иштирокчиён ва хулосабарории аъзои ҳакамон риштаи сухан ба сарҳакам Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан дода шуд. Устод Файзалӣ Ҳасан аввалан ҳамаи ҷамъомадагонро ба идҳои дар пешистода муборакбодӣ намуа, иброз доштанд, ки ҷавонон қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа буданду ҳастанд. Ва итминони худи сарвари олии давлатамон низ ба ин қувваи созанда беасос нест.

Ҳамин тавр, тибқи баҳогузории аъзои ҳакамон Ғаюрова Шукрона - донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ сазовори ҷойи дуюм ва Гифти Селвираҷ-донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ (аз давлати Ҳиндустон) бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар интиҳо бо дархости ҷамъомадагон Гифти Селвираҷ-донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (аз Ҳиндустон) дар васфи Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ сурудхонӣ намуда, табъи ҳозиринро болида сохт.

Ёдовар мешавем, ки дар баргузории ин чорабинӣ бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректори донишгоҳ саҳми арзанда дорад.

Бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректори донишгоҳ   

                                                                      


4
3
2
1
13.11.2020 569

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php