ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Истиқлолияти миллӣ барои кишвари мо дар ҳақиқат неъмати бебаҳост. Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ бениҳоят рушд намуд, таркиби луғавии он ба куллӣ тағйир ёфта, ба асли хеш баргашт. Имрӯз забон як ҷузъи ҷудонашавандаи давлатдорӣ, муқаддасот ва ифтихори миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар даврони истиқлол доир намудани ҷашнҳои бузурги миллӣ, шинохти симоҳои таърихӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба фарзандони фарзонаи миллат ба ҳукми анъана даромад.

Чунин тадбирҳо маҳз бо ташаббусҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ карда шуданд. Гузашта аз ин, осори пурарзиши Пешвои миллат, аз ҷумла, "Тоҷикон дар оинаи таърих", "Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ", "Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ", "Забони миллат – ҳастии миллат" ва чанде аз асарҳои дигар на танҳо аҳамияти илмиву адабӣ доранд, балки барои худшиносию худогоҳии ҷавонон, ифтихор аз гузаштагони бонангу номус, ватандӯстию ватанпарастии ҳар як фарди тоҷик, бахусус насли ҷавон мусоидат менамояд.

Яке аз асарҳои арзишманде, ки солҳои охир ба нашр расидааст, китоби Пешвои миллат "Забони миллат – ҳастии миллат" ба ҳисоб меравад. Асар аз ду китоб иборат буда, дар асоси сарчашмаҳои боэътимоди илмӣ ва бо забони илмӣ-оммавӣ таҳия шудааст.

Китоби якум "Ба сӯйи пояндагӣ" ном дошта, аз 6 боб иборат аст. Боби якуми китоб "Даврабандии забони тоҷикӣ" номгузорӣ шуда, он дар бораи мардуми ориёӣ ва забони онҳо, давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ, ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар гурӯҳбандии забонҳои эронӣ маълумотҳои фаровони илмию адабӣ ва таърихӣ маълумот медиҳад.

Боби дуюм "Саргузашти таърихии вожаи "тоҷик" ва забони тоҷикӣ" ном дорад. Дар ин боб доир ба Истиқлол ва масъалаҳои тоҷикшиносӣ, муродифҳои вожаи "тоҷик", меҳани забони тоҷикӣ, замони пайдоиши забони тоҷикӣ сухан меравад.

Боби сеюм "Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор" ном дошта, оид ба масъалаҳои истилои араб ва оқибатҳои он барои забон ва фарҳанги мардуми Эронзамин, забони мо дар давраи Тоҳириён, инчунин доир ба масъалаи Саффориён ва эҳёи давлатдории миллӣ баҳс менамояд.

Боби чаҳорум "Забони навиштории тоҷикӣ: давраи оғозин" мебошад. Маълумотҳои дар ин боб овардашуда хонандаро бо куҳантарин намунаҳои хаттии забони тоҷикӣ, нахустин осори хаттии назму насри тоҷикӣ шинос менамояд. Дар ин боб инчунин дар бораи замина ва омилҳои ташаккули забони адабӣ, забони илм ва ташаккули истилоҳот маълумотҳои боэътимод оварда шудааст.

Боби панҷум - "Давраи боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ" бошад, ба масъалаҳои забони модарии мо дар аҳди Сомониён ва вижагиҳои забони тоҷикӣ дар ин давр, забони мо дар аҳди Ғазнавиён ва масъалаҳои дигари он мо бахшида шудааст.

Боби шашум "Густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ" ном дорад. Дар ин боб аз тарафи муаллиф оид ба густариши забони мо ба минтақаҳои дигари ҷаҳон, забони тоҷикӣ дар аҳди Салҷуқиён, Ғуриён, Хоразмшоҳиён ва масъалаҳои нуфузи забонҳои бегона ба забони мо маълумотҳои арзишманд гирд омадаанд.

Китоби мазкур тамоми давраҳои гуногуни инкишофи забони тоҷикиро дар бар мегирад. Роҳбари давлат бар асоси далелҳои муътамади илмию таърихӣ дар бораи таърихи пурифтихори гузаштагонамон, роҳи душвори тайнамудаи онҳо маълумот дода, таъкид менамоянд, ки "ниёкони мо сарфи назар аз номулоиматӣ ва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд". Пешвои миллат қайд менамоянд, ки акнун вазифаи ворисони ин забон аз ҳамин иборат аст, то ки забони модариамонро аз хатари замони ҷаҳонишавӣ нигоҳ дошта, онро бо чунин таровату ғановат ба ояндагон мерос гузоранд.

Китоби дувуми "Забони миллат – ҳастии миллат"-и Роҳбари давлат "Забон ва замон" ном гирифтааст. Китоби мазкур марҳилаи таърихии густариши забони тоҷикиро аз ибтидои асри Х11 то оғози асри ХХ дар бар мегирад. Он аз 7 боб иборат буда, масоили густурдаи рушду такомули забони тоҷикиро дар фосилаи замони 8 қарн мавриди таҳлилу пажӯҳиш қарор додааст.  

Забон муқаддастарин сарват ва бебаҳотарин неъмат баҳри пойдории давлату миллат ба шумор меравад. Дар робита ба ин дар сарсухани китоб чунин оварда шудааст: "Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад".

Пешвои миллат қайд менамоянд, ки забон яке аз чунин падидаҳои фарҳанги миллӣ буда, воситаи худшиносӣ ва ифтихори ҳар як шахс ба ҳисоб меравад. Забон анъана ва суннатҳои халқро ифода менамояд. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба онҳо эҳтирому арҷгузорӣ менамояд.

Дар китоб Сарвари давлат зикр менамоянд, ки Ҳукумати кишвар   ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷикӣ саъю кӯшиш намуда, ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Дар баробари ин як қатор санадҳо қабул гашта, барои пешрафти он барномаҳои давлатӣ роҳандозӣ карда шудаанд. Ба хотири бузургдошти ин рукни муҳимми давлатдориамон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид шуда, ҳамасола Рӯзи забони давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад ва чорабиниҳои зиёди илмию оммавӣ доир мегарданд.

Пешвои миллат дар ин китоб доир ба эътибору манзалати забони тоҷикӣ чунин ибрози андеша менамоянд: "Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям".

Китоби "Забони миллат – ҳастии миллат" ба таърихи давлатдории тоҷикон ва забони миллат бахшида шуда, пажуҳиши судманде ба ҳисоб меравад. Маълумотҳои пурқиммати асар ҳар як хонандаро бо таърихи пурғановати гузаштагонамон шинос намуда, барои худшиносии миллии ҳар як шахс, ифтихори миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва пос доштани забони давлатӣ мусоидат менамояд.

 

Шодиматова М.К.   – кафедраи забони тоҷикӣ


08.10.2021 728

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php