Озмуни «Таронаи Пешво»

Озмуни «Таронаи Пешво»

Имрӯз дар саросари кишвар чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон баргузор мегардад. МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, ки яке аз муассисаҳои бонуфузи кишвар ба шумор меравад, дар таҷлили ин чорабиниҳои сиёсӣ пешсаф аст.

Рӯзи 12.11.2020 дар толори “Сино” –и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар асоси чорабиниҳои сиёсӣ ва маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҷамъбасти озмуни “Таронаи Пешво” дар васфи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни ҷавонони боистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Мирзозода Иброҳим – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Расулзода Насимҷон – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Гулзода Маҳмадшоҳ- Ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва ҷавонон иштирок намуданд. Мақсади ташкил ва баргузории озмун - омӯзиши мактаби бузурги роҳбарии Пешвои миллат, эҳтиром ба хизматҳои таърихии Роҳбари мардумӣ, тарғиби арзишҳои воқеӣ ва миллӣ, ташаккули тафаккури миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, тарғиби рисолати ватандорӣ, арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатсозӣ ва давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамчунин таҳкими дӯстӣ, ватанпарварӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулият, худшиносии миллӣ миёни ҷавонон, алалхусус донишҷӯёни боистеъдоду болаёқати муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва дар ин замина дарёфти беҳтарин намунаи оҳанг ва сурудҳои тараннумгари хизматҳои беназири Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллӣ мебошад.

Озмунро Мирзозода Иброҳим – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ намуда,суханро ба Ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” - Гулзода Маҳмадшоҳ дод. Ректори донишгоҳ бо суханони табрикотӣ баромад намуда, афзуд, ки ”Аз ҷиҳати таҳлили сиёсӣ имрӯзҳо яке аз омилҳои нарасидани кишварҳои ҷангзада ба сулҳу субот ин вуҷуд надоштани лидери сиёсӣ мебошад. Ҳамон нафаре, ки аксари шаҳрвандони ин ҷомеаҳо ба суханонаш гӯш фаро диҳанд ва идеяҳои ӯро ҷонибдорӣ намоянд. Яъне фарде пайдо нашудааст, ки қудрати муттаҳид кардани халқро дошта бошад. Бидуни шак, хизмати бузурги Пешвои миллат барои Тоҷикистон, ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ӯ тавонист, ки дар солҳои аввали фаъолияти худ, масъулияти Конститутсионии хешро ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро намояд ва чун кафили амнияти давлат амал намояд. Воқеан ҳам Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, тамоми нерӯву ғайрат ва ҳастияшонро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизашон сарф намуданд, ки имрӯз халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба cap бурда истодааст. Маҳз хизматҳои шоёну сарсупурдагии Президенти кишвар ба халқу Ватани худ боис гардид, ки дар интихоботи соли ҷорӣ баргузоргардида мардум, ба пуррагӣ, райъи худро ба ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доданд.”

Дар озмун 8 суруд пешниҳоди аъзои ҳакамон гардид, ки беҳтаринҳо бо тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, қадрдонӣ гардиданд. 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


14
13
12
11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
12.11.2020 475

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php