Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино-нақши он дар омода намудани мутахассисони соҳибилму кордон!
МДТ “Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” барои фаъолияти пурсамари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас пайваста чораҳо меандешад. Имрӯз дар сохтори МДТ “Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият дорад. Озмоишгоҳи мазкур идоракунандаву ҳамоҳангсози раванди масъалаҳои ҳалталаби илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибавӣ, таълимӣ мебошад.
Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ ҳанӯз соли 1961 таъсис дода шудааст ва аз рӯзи таъсисёбӣ то ин давра ҳамчун манбаи асосии иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дониста мешавад. Дар он 33 рисолаи докторӣ ва 115 рисолаи номзадии кормандон ба анҷом расидааст. Озмоишгоҳи марказии илмӣ–тадқиқотӣ фаъолияти худро дар самтҳои таълимӣ–таҷрибавӣ, тадқиқотҳои назариявӣ ва амалӣ татбиқ менамояд. Дар бинои асосии Озмоишгоҳи марказии илмӣ–тадқиқотии МДТ “Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” 2-ҳуҷраи таълимӣ бо 40-ҷои нишаст ва як толори хурди лексионӣ бо 54-ҷои нишаст мавҷуд аст.
Озмоишгоҳи марказии илмӣ–тадқиқотии МДТ “Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотии давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, бо Донишкадаи технология, химия ва физикаи Урумчӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии халқии Хитой, Донишкадаи тибби суннатии Хитой, Донишгоҳи давлатии Тамбов ба номи Державин, Донишгоҳи дӯстии ҳалқҳо, Донишкадаи химияи органикӣ ба номи Д. И. Зеленскийи Федератсияи Россия, Донишкадаи тибби Шарқии Федератсияи Россия, Донишкадаи фитотерапияи Федератсияи Россия, Маркази Федеролии физико-химиявии тибии Федератсияи Россия, Донишкадаи тибби эксперименталӣ (ЭМАН РФ) Санкт- Петербург, Коллеҷи Зороастризмии шаҳри Бомбей ва Марказии фарҳангии Индра Гандии ш. Деҳлии Ҳиндустон, Маркази илмии сироятии Роберт Кохи Ҷумҳурии Федералии Олмон, Маркази тибби суннати Алма-ато, Донишкадаи тиббии шааҳри Қарағанда, Донишкадаи тиббии шаҳри Актюбинск, Академияи илмии ғизоии Қазоқистон, Донишкадаи тибби Чикагои Штатҳои Муттаҳидаи Америка ба роҳ мондааст. Дар соли 2020 12 мақолаи кормандони Озмоишгоҳи марказии илмӣ–тадқиқотии МДТ “Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дар маҷаллаҳои байналмилалии Cоlloquium-journal-и Warshawа, Poland ва Наука и мири Федератсияи Россия аз чоп баромад, ки ҳамаи муаллифонро бо сертификатҳои байналмилалӣ сарфароз гардиданд.
Маврид ба таъкиди хос аст, ки нақши МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар омода намудани мутахассисони соҳибилму донишманд ва кордон хеле арзишманд аст. Имрӯз Роҳбарияти донишгоҳ бо такя ба сиёсати дурандешонаву некбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳаққиқони ҷавони соҳаи тиб шароити мусоидро фароҳам овардааст ва умед аст, ки дар оянда муҳаққиқони ҷавони соҳаи тиб бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ илми тибби тоҷикро рушд дода, дар самти солимии миллат саҳми арзишманд мегузоранд.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор