Ҷомеае, ки ба устод, омӯзгор эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад
Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» санаи 11 октябри соли 2021 аз ҷониби муаллими кафедра Муродова Ф.С. дарси тарбиявӣ дар мавзӯи: «Қадри устод аз падар беш аст» бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ, гурӯҳҳои 29 ва 30 гузаронида шуд. Ғаюрова Шукрона оид ба мавзӯъ маърӯзаи пурмазмунеро пешниҳод намуда, аз ҷумла чунин қайд намуд: "Дар ҳама давру замон ҷомеаи ҷаҳониро бе устод, муаллим, омӯзгор дарк кардан хеле душвор мебошад. Зеро моро устод таълим медиҳад ва бо роҳи рости зиндагӣ омода менамояд. Бузургон беҳуда нагуфтаанд- муаллим мисли шамъ аст худаш месӯзад ва ба дигарон равшанӣ мебахшад. Худ қазоват кунед, ки дар ҷомеа омӯзгор набошад он ҷомеа ё табақа аз бесаводӣ ба нестии маънавию фарҳангӣ рафта, миллат аз байн меравад. Омӯзгор натанҳо аз ҷониби бузургони илму адаб, балки аз ҷониби пайғамбарон низ чун як шахси азизу муътабари ҷомеа таҷассум ёфтааст.
Дар китоби тафсири Қуръон «Рӯҳ-ул-маъонӣ» аз Расули акрам (с) ҳадисе аст, ки фармудааст: Волидайн ба се гуруҳ тақсим мешаванд:
1.Оне, ки туро ба дунё овардааст.
2.Касе, ки туро издивоҷ кунонидааст.
3.Шахсе, ки туро таълим додааст.
Аз ин ҷо мо метавонем ба хулосае биёем, ки дар васфи омӯзгор ҳам олимони соҳаи дин ва ҳам олимони соҳаи дунявӣ ақидаҳои худро пешниҳод карда дар ҳама ҷо қадру манзалати устод, омӯзгорро дар мадди аввал гузоштааст.
Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои ҳарҷониба инкишоф ёфтани инсон, устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд."
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона