Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги Хусравон
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 Иди Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад, то мероси ғании фарҳангӣ, расму оинҳои ниёгон дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил гарданд.
Маҳз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошт ва эҳёи ҷашнҳои миллӣ буд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Меҳргон аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё ва ба қатори беҳтарин ҷашнҳои миллӣ ворид гардид ва ҳар сол ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Алҳол аҳли шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба ифтихори Меҳргон ҷашнҳои бузург меороянд ва дастурхонҳояшонро бо анвои меваҳо, тарбузу харбуза, сабзаҷот ва хӯришҳои дигар ороста, дар атрофи хони пурнозу неъмат таронасароӣ ва рақсу бозӣ мекунанд.
Мардум Ҷашни Меҳргонро бо нияте баргузор менамоянд, ки ҳамасола ҳосили деҳқониашон фаровон гардад, рӯзгорашон осудаю молу ҳолашон бегазанд бошад, хайру баракат аз хонадонашон канда нашавад ва Худои мутаол онҳоро аз балоҳо нигаҳ дорад.
Ҷашни Меҳргон, ки ҳамакнун ба диёри хушбоду ҳаво, Меҳани азизи мо – Тоҷикистон расидааст, мероси пурарзиши аҷдодон ва яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву ҳувияти миллии тоҷикон мебошад. Меҳргон чун Наврӯз аз даврони бостон дар байни мардумони эронитабор ҷашни бузург дониста мешуд. Агар Наврӯз оғози баҳору соли нав ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи Ҳамал бошад, Меҳргон оғози нимаи дуюми сол, таодули тирамоҳӣ ва ҷашни кишоварзон аст. Гузаштагони мо онро ҳамчун ҷашни шукӯҳманди ҳосилғундорӣ таҷлил мекарданд.
Ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо ҳам робитаи қавӣ доранд. Ҳар ду дар ду таодул – баҳорӣ ва тирамоҳӣ ҷашн гирифта мешаванд. Аввалӣ ба эҳё ва растохези табиат ва оғози кишту кори баҳорӣ ва дуюмӣ ба маъракаи ҳосилғундорию хирманкӯбӣ мансубанд. Дар Ҷашни Меҳргон деҳқон ҳамчун пири кишоварз мавқеи меҳварӣ дорад.
Аз ин ҷашн нишонаҳои зиёде дар Осиёи Миёнаву Афғонистон ва Эрон боқӣ мондаанд, ки гувоҳ аз густариши фарҳанги кишоварзӣ ва мавҷудияти гурӯҳи иҷтимоии деҳқонон мебошанд. Ҳанӯз дар аҳди қадим дар ин сарзамини ориётаборон Ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат баргузор мегардид. Фарҳангшиносон дар яке аз деворҳои Панҷакенти бостонӣ тасвиреро ёфтанд, ки ба асрҳои VI - VII тааллуқ дорад. Мӯйсафеди нуроние бо рӯймоле пешониашро баста, дар рӯи суфа нишастааст. Дар пушти сараш хирмани бузурги гандум намудор аст, ки деҳқонон онро ба халтаҳо андохта, ба анбор медароранд. Деҳқонон аз самараи ҳосил болида, бо хушнудӣ зери садои асбобҳои мусиқии хунёгарон рақсу бозӣ мекунанд.
Роҷеъ ба пайдоиши Ҷашни Меҳргон сароғоз аз сарчашмаҳои бостонӣ маълумоти зиёде мавҷуд аст. Меҳргон, тибқи тақвими зардуштӣ, дар рӯзи 16-уми моҳи Меҳр (баробар ба 8-уми моҳи октябри солшумории мелодӣ), дар миёнаи фасли тирамоҳ баъди ғунучини ҳосили деҳқонӣ баргузор мегардид. Тибқи гоҳшумории авастоӣ, ҳар як моҳ аз сӣ рӯз иборат буд ва ҳар яке аз рӯзҳо ном дошт. Чун номи шонздаҳуми ҳар як моҳ Меҳр буд, дар баробар омадани рӯзи Меҳр ва моҳи Меҳр ба «Меҳр» пасованди «гон»-ро изофа намуда, Ҷашни бузурги Меҳргонро созмон додаанд.
Дар даврони куҳан аз маъмултарин ва ҷолибтарин русуми ин ҷашн оростани хони меҳргонӣ будааст, ки хеле бошукӯҳ сурат мегирифтааст. Дар Меҳргони бузург шоҳ сарону намояндагони вилоятҳо ва шаҳрҳои кишварашро ба ҳузур мепазируфт. Дар давоми ҷашн дар ситоиши Меҳргон оҳангу таронаҳое садо медоданд, ки «Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурдак» ва ғайра ном доштанд.
Ҳоло ҳам ин ҷашн дар байни зардуштиён шукӯҳу ҳашамати пешинаи худро гум накардааст. Ҷашни Меҳргонро дар бадали шаш рӯз бо риояи анъанаҳои бостонии ҷашнгузорӣ таҷлил менамоянд, ки хеле аҷиб аст. Дар ин рӯз либоси нав мепӯшанд, шодиву хурсандӣ мекунанд. Дар болои хони меҳргонӣ шарбат, гулоб, ширинӣ, сабзавот, анор, себ, ангур ва гулҳои рангоранг мегузоранд. Гузоштани чанд сикаи нуқра, санҷиду бодому писта ва дар зарфе оби хушбӯи овшинро риоя менамоянд. Дар атрофи хон шамъҳоро фурӯзон ва дар зарфе испанд дуд мекунанд. Агар дар ин рӯз тифле ба дунё ояд, номе бар ӯ мегузоранд, ки вожаи «меҳр» дар он бошад: Меҳрдод, Меҳрноз, Меҳрангез, Меҳрбону, Меҳрваш, Меҳрдухт, Меҳрон, Меҳрубон, Меҳроб…
Оинҳои меҳргонӣ, хусусан дар байни кишоварзон, то рӯзгори мо нигаҳдорӣ шудаанд. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, мардум арзишҳои волои онро дар хотираи таърихии хеш на танҳо чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз кардаанд, балки сарфи назар аз фишори аҷнабиён дар давоми ҳазорсолаҳо расму оини худро вобаста ба талаботи давру замон васеъ таҷлил мекарданд.
Имрӯз Меҳргон ҷашни кишоварзон, ҷашни ҳосилу фаровонии неъмати деҳқонӣ, баракати рӯзгор ва хушии мардуми фарҳангсиришту заҳматпешаи Тоҷикистон аст.
Турсунова З.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа