ҶОИЗА МУБОРАК!
Дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни «Ҷоми Академияи миллии илмҳои ҶТ» баргузор гардид, ки дар он МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” низ иштирок дошт. Боиси хушнудист, ки дар ин озмун ассистенти кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ барои силсилаи корҳо дар мавзӯи «Омӯзиши пайвастагиҳои координатсионии нуқра бо метронидазол ва албендазол» таҳти роҳбарии д.и.х., профессор Раҷабов У. Р. анҷомдодашуда, бо ҷоиза ва диплом сарфароз гардид.
Ин дастоварди олимони кафедра боз як қадами устувори олимони ҷавони тоҷик дар масири илм буда, боиси ифтихору сарбаландист. Муваффақият хуҷаста бод!