Оби тоза омили пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ

Оби тоза омили пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ

“Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд”. 

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 28 сентябри соли 2021 дар пойгоҳи кафедраи тибби оилавӣ, маркази саломатии шаҳрии №15 таҳти роҳбарии ассистенти кафедра Кабирзода Т.Д. ва донишҷӯёни гурӯҳи 62-уми факултети тиббии бахши 5-ум чорабинии тарбиявию фарҳангӣ бахшида ба “Оби тоза омили пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ” баргузор гардид. Дар он мудири кафедра дотсент, н.и.т., Ёдгорова М.Ҷ,     дотсент, н.и.т., Носирова   М.П., Иномзода Ҷ.И., ассистенти кафедра Мастонова Т.М., докторанти PhD кафедра Кабирзода Т.Д., ординатори клиникӣ Зебуниссои Ҳидоятулло донишҷӯёни факултети тибби курси 5-ум гурӯҳҳои 60-62 ширкат доштанд.

Донишҷӯён чорабиниро дар сатҳи баланд гузаронида онро бо презентатсияҳо, видеороликҳо, шеърҳо ва викторина, ки бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуд, ба нишастагон пешниҳод намуданд.

Об беҳтарин мӯъҷизаи табиат буда, ҳастии инсонро ташкил медиҳад.Аз рӯи натиҷаҳои илми тиб беобшавии организм инсонро ба бемориҳои сироятии пӯст ва рӯда оварда мерасонад. Оби тоза ҳақиқатан гарави саломатӣ буда, пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ мебошад. Тоҷикистон метавонад дар ҳамкориҳои хеш бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти оби тоза саломатии инсониятро таъмин намояд. Табибон дар асоси дастовардҳои илмии хеш метавонанд бойигарии миллат- саломатӣ ва манбаи асосии он оби тозаро ташвиқу тарғиб намоянд. Модоме ки обро асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам медонем, пас вазифадорем, ки ин неъмати бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳанда ҳифз намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем ,ки нохалафе ин мӯъҷизоти бебаҳоро ифлос гардонад.

Мудири кафедраи тиббии оилавии №2

ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, н.и.т. М.Ҷ, Ёдгорова


29.09.2021 237

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php