Оғози фаъолияти маҳфили “Ҷарроҳони ҷавон” дар ОМИТ

Оғози фаъолияти маҳфили “Ҷарроҳони ҷавон” дар ОМИТ

Аз рӯи нақшаи пешбинишуда дар ҳамкорӣ бо кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ, дар бахши ҷарроҳии эксперименталии ОМИТ аъзоёни маҳфили “Ҷарроҳони ҷавон” амалиёти ҷарроҳиро оғоз намуданд. Аъзоёни маҳфил донишҷӯёни курсҳои III-VI-ум мебошанд. Рафти фаъолияти маҳфил аз тарафи асстистентҳои кафедра Баҳромов М.Б, Мансуров Х.Н. ва кормандони бахши ҷарроҳии эксперименталии ОМИТ назорат карда мешаванд. Барои азххудкунии техникаи ҷарроҳӣ дар базаи кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ ба аъзоёни маҳфил дарсҳои назариявӣ гузаронида мешаванд. Аз тарафи аъзоёни фаъоли маҳфил мустақилона амалиёти ҷарроҳии мураккаб дар ковокии шикам, буриши меъда ва рӯдаҳо, гузоштани дарзи меъда ва рӯдаи борик, гузаштани гастростома гузаронида шуданд. Амалиёт дар ҳайвоноти озмоишӣ гузаронида шуданд. Дар оянда аз тарафи аъзоёни маҳфил баъд аз азхудкунии қисми назариявӣ амалиёти мураккаби резексияи меъда, рӯдаҳо, гузоштани аннастамози меъда ва рӯдаҳо ба нақша гирифта шудаанд.  

Озмоишгоҳи марказии илмӣ–тадқиқотӣ.

Кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ.


04.10.2021 201

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php