Назорати тартибот ва қоидаҳои будубош дар хобгоҳҳои МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»
Тибқи нақшаи кории Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ мудири шуъба Шарифов Қ.О. ва мутахассисони он Аюбов Д.Қ. ва Комрони А.Ш. бо мақсади огоҳ шудан аз ҳолати санитарӣ ва шароити зисти хобгоҳҳо аз хобгоҳҳои №4, №6 ва №7 дидан намуда, тартибот ва қоидаҳои будубош дар хобгоҳро назорат намуданд. Ҳамчунин, бо бошандагони ҳамаи ҳуҷраҳои хобгоҳҳои мазкур дар мавзуҳои “Роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус “СOVID-19”, риояи гигиенаи шахсию ҷаъмиятӣ”, оид ба масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб, гаравиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, худдорӣ намудан аз истифода бурдани шабакаҳои иртиҷоии хусусияти ифротӣ ва терористию экстремистӣ дошта, масъалаҳои риояи низому қоидаҳои дохили донишгоҳӣ ва хобгоҳҳои он, ҳифз кардани обрӯ ва эҳтироми донишгоҳ, касбият, қадр кардани устодон - омӯзгорон, ҳифз кардани Ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагӣ ва зери назари ҳамешагӣ қарор додани ҳаёти сиёсии ҷаҳони муосир суҳбат-вохӯрӣ анҷом доданд.
Муайян гардид, ки ҳолати тарбиявӣ,тартиботӣ ва санитарӣ-гигиении хобгоҳҳо қаноатбахш буда, ҳангоми назорат камбудиҳои ҷиддӣ дида нашуд ва барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳо дода шуд.
мудири шуъбаи кор бо ҷавонон - Шарифов Қ.О.