Мулоқоти ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо роҳбари Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ аз Швейтсария
Дар доираи марҳилаи 3-юми Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ рузи 23 октябри соли 2018 мулоқоти ректори донишгоҳ, профессор Гулзода Маҳмашоҳ Қурбоналӣ бо роҳбари Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ аз Швейтсария Хелен Притерх баргузор гардид. Дар мулоқот аз ҷониби Лоиҳа, роҳбари Намояндагии Институти Тропикӣ ва Нигоҳдории тандурустии ҷамъиятии Швейтсария дар ш. Душанбе Афандиева Г.Г., ҳамоҳангсози миллии Лоиҳа Ярбаева Ш., мушовири Лоиҳа оид ба таҳсилоти тиббӣ аз Англия Грета Росс ва аз донишгоҳ муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К., ҳамоҳангсози донишгоҳии Лоиҳа, сардори Шуъбаи таҳлил, назорат вар обита бо ҷомеа, н.и.т., дотсент Носиров Қ.Н., сармутахассиси Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Эгамназаров Ҳ.Н. иштирок доштанд.
Дар мулоқот масъалаи амаликунии Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар донишгоҳ бо мутобиқкунонии он ба талаботҳои стандартҳои аврупоию байналмилалӣ дар доираи марҳилаи 3-юми Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ, аз ҷумла рушди Маркази омӯзиши малакаҳои амалии (Маркази симулятсионии) донишгоҳ, маротибаи 3-юм амаликунии таҷрибаомӯзии клиники Соли таҳсили клиникӣ дар курси 6-уми факултети тиббии донишгоҳ дар ҳамаи минтақаҳои кишвари азизамон ва аккредитатсияи байналмилалии барномаи таълимии факултети тиббӣ баррасӣ карда шуд. Дар оғози мулоқот аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Гулзода Маҳмашоҳ Қурбоналӣ доир ба корҳои иҷрокардашуда, дар якҷоягӣ бо кормандони Лоиҳа ва раёсату ҲПО-и донишгоҳ дар доираи марҳилаи 3-юми Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ бо дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Инчунин, вазифаҳои банақшагирифташудаи муштарак дар донишгоҳ бо дастгирии молиявӣ, амалӣ ва машваратии Лоиҳа то сентябри соли 2019 пешниҳод карда шуд.
Аз ҷониби роҳбари Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ аз Швейтсария Хелен Притерх ва кормандони Лоиҳа ба корҳои анҷомдодашуда дар донишгоҳ дар якҷоягӣ бо кормандону мушовирони байналмилалии Лоиҳа аз Швейтсария, Канада ва Қазоқистон баҳои баланд дода шуда, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Қайд карда шуд, ки ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи Лоиҳа барои ба стандартҳои аврупоию байналмилалӣ мутобиқкунонии таҳсилоти тиббӣ, стандартҳо, барномаҳою нақшаҳои таълимии ихтисосҳои донишгоҳ, раванди таълим ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷониби роҳбари Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ Хелен Притерх ва кормандони Лоиҳа қайд карда шуд, ки роҳбарият ва кормандони Лоиҳа омодаанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки амаликунии вазифаҳои дар оянда банақшагирифташудаи донишгоҳро барои боз ҳам рушд кардани донишгоҳ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Дар фароварди мулоқот, ректори донишгоҳ, профессор Гулзода Маҳмашоҳ Қурбоналӣ роҳбарияти Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Институти Тропикӣ ва Нигоҳдории тандурустии ҷамъиятии Швейтсарияро ва мушовирони байналмилалии Лоиҳаро аз Швейтсария, Канада ва Қазоқистон барои дастгириҳои ҳамаҷонибаи рушди донишгоҳ изҳори сипос кард.
Носиров Қ.Н., сардори Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита
бо ҷомеа, ҳамоҳангсози донишгоҳии Лоиҳа, н.и.т., дотсент