Мулоқоти ректор бо Сафири фавқуллода ва мухтори кишвари Лаҳистон

Мулоқоти ректор бо Сафири фавқуллода ва мухтори кишвари Лаҳистон

         11-уми декабри соли ҷорӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. Сафири фавқуллода ва мухтори кишвари Лаҳистон (Полша) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Пётр Ивашкевичро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди муассисаҳои олии тиббии Ҷумҳурии Лаҳистон бо ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, ректори донишгоҳ ҳавасмандии муносибатҳоро бо муассисаҳои олии ин кишвар баён намуд. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои ба роҳ мондан ва мусоидати мутахассисони соҳаи тибби ду кишвар ҷиҳати иштирок дар барномаи мубодилаи академӣ, инчунин гузаронидани корҳои машваратӣ ҷиҳати пешниҳоди лоиҳаҳои байналмилалии илмӣ-таълимӣ ба Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ва амалигардонии онҳо дар муассисаҳои олии ду кишвар ибрози андеша намуданд.

         Ҳамзамон, Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Пётр Ивашкевич қайд намуд, ки мутахассисони тоҷик метавонанд бурсияҳои таҳсилие, ки ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Лаҳистон ба мутахассисони соҳаи тиб ҷудо карда мешавад, истифода намуда, малака ва таҷрибаи касбии худро сайқал диҳанд.

         Дар охир ректори донишгоҳ меҳмонро бо фаъолият ва дастовардҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шинос намуд.  


13.12.2018 517

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php