Муборак бод, ҷашни фархундаи устод!

Муборак бод, ҷашни фархундаи устод!

     Субҳи 5-уми декабр муовини реткор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодов Саидмуқим Тиллоевич тасмим гирифтанд, ки олими маъруфи соҳаи морфологияи эксперименталӣ, доктори илмҳои тиб, профессор, академики Академияи Омӯзгорӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, Арбоби шоистаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходими намоёни ҷамъиятӣ Абдураҳмонов Фозил Абдураҳмоновичро, ки имрӯз 88-солагиашро дар ҳалқаи хонаводагӣ ҷашн мегирифтааст, табрику шодбош гӯянд. С.Т.Ибодов аз номи Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, мухтарам Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, раёсти донишгоҳ, ҳайати профессорону омузгорон, кулли кормандон ва шогирдон ба соҳибҷашн бурдбориву саломатии бардавом таманно намуданд.

 Шарҳи ҳоли Абдураҳмонов Фозил Абдураҳмонович

     Фозил Абдураҳмонович Абдураҳмонов (5 декабри с. 1930 дар ш. Конибодом ҶТ таваллуд ёфтааст) – яке аз шогирдони академикҳо В. Н. Терновский, В. В. Куприянов, Я. А. Раҳимов мебошад. Ӯ олими маъруфи соҳаи морфологияи эксперименталӣ, доктори илмҳои тиб (1968), профессор (1969), академики Академияи Омӯзгорӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия (2004), Арбоби шоистаи илму техникаи ҶТ (1994) ва ходими намоёни ҷамъиятӣ аст. Аз соли 1968 то соли 1993 – мудири кафедраи анатомияи одами факултаҳои педиатрӣ ва дорусозӣ ва аз соли 1994 то соли 2005 – мудири кафедраи умумии анатомияи одам ба номи устод Я. А. Раҳимови ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, аз соли 2006 – профессор – мушовири ҳамин кафедраи Донишгоҳ. Мавзӯи илмию тадқиқотиаш доир ба морфологияи рагҳои хунгарди ҷузъҳои гуногуни системаи марказии асабу ғадудҳои эндокринӣ (тарашшӯҳи дохилӣ) ва пардаҳои серозӣ (сифоқ, плевра) буда, дар ташкилёбии кафедраи навбунёд ва осорхонаи (музей) анатомӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ бо шогирдону ҳамкоронаш доир ба морфологияи ҷараёнгоҳи хунгарду лимфавии микросиркулятории узвҳои дохилию пардаҳои серозӣ ҳангоми нуфузи ғайримуқаррарӣ дар ҳолати баландкӯҳ тадқиқоти илмӣ гузаронидааст. Муаллифи зиёда аз 200 асарҳои илмию методӣ, аз ҷумла монография «Рагҳои хунгарди сифоқ» (1973), тарҷумаи китоби дарсии «Анатомияи одам»-и Н. В. Колесников ба забони тоҷикӣ бо ҳамроҳии И. Мавашев (1961), китоби дарсии дуҷилдаи «Анатомияи одам» (1995, 1997), китоби якҷилдаи «Атласи мухтасари анатомияи одам» (2001) синхронӣ бо се забон: лотинӣ, русӣ ва тоҷикӣ, китоби дарсии дуҷилдаи «Атлас-учебник по функсиональной анатомии человек» (2006-2008), китоби дарсии дуҷилдаи «Анатомияи синну соли одам»(2017) бо ҳаммуаллифии С.Т. Ибодов ба забони тоҷикӣ ва ҳоказо мебошад.


  Шуъбаи иттилоот ва нашрия


05.12.2018 772

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php