Мо зидди коррупсия

Мо зидди коррупсия

Бо иштироки донишҷӯён, интернҳо, ординаторони клиникӣ ва кормандони кафедраи эндокринология дар мавзӯи “Коррупсияро решакан бояд кард” дар кафедраи эндокринологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабинии таблиғотӣ баргузор гашт.

Масъули чорабинии мазкур ассистенти кафедра Исаков Акмал Ҷӯрабоевич дар баргузории чорабинӣ кӯшиш ба харҷ дод, то он дар руҳияи баланди вафодориву ватандӯстӣ идома ёбад. Мудири кафедра н.и.т. Иноятова Н.А ҷаласро ҳусни оғоз бахшида, оид ба мавзӯъ чунин афзуд, ки бартараф кардани коррупсия танҳо бо фаъолияти як сохтор муяссар намешавад ва ҷомеа бояд дар решакан кардани ин зуҳурот фаъол бошад. Сипас донишҷӯи бахши 5-уми факултаи педиатрӣ Зиёева Ҷонона баромад карда, дар мавриди коррупсия ва андешаҳои бархе аз коргузорон ҷиҳати мубориза бо “модари фасодҳо” маърӯза намуд.

Мудири кафедраи эндокринологияи н.и.т.  -  Иноятова Н.А.

Ассистенти кафедра  -  Исаков А. Ҷ.


15.04.2021 412

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php