Моҳи август бастаи навбатии ваксинаи «AstraZeneca» ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд

Моҳи август бастаи навбатии ваксинаи «AstraZeneca» ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд
Нимаи дуюми моҳи августи соли равон бастаи навбатии ваксинаи «AstraZeneca» ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд. Иқдоми мазкур бо шарикон оид ба рушд хусусан бо Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Мутаҳид ва Алянси глобалии ваксина ва иммунизатсия рӯи даст гирифта шудааст. Дар ин хусус сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба зикри номбурда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки бо истифода аз дигар манбаъҳо воридоти ваксинаҳоро зиёдтар кунанд. Ҳоло бо Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба маблағҳои грантӣ шартнома баста шудааст, ки маблағи он зиёда аз 8 миллион долларро ташкил медиҳад. Инчунин бо Бонки Осиёгии Рушд низ шартнома ба имзо расида, маблағи он 25 миллион долларро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки қисми муайяни маблағҳои мазкур ба харидории ваксинаҳо равона карда мешавад.
«Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бевосита бо истеҳсолкунандагони ваксинаҳо корбарӣ намуда, ният дорад аз ҳисоби буҷаи давлат ва маблағҳое, ки ҳамчун грант ба Тоҷикистон ҷудо гардидаанд боз вояҳои иловагӣ харидорӣ намояд»,- афзуд Наврӯз Ҷафаров.
Ҳоло маъракаи ваксинатсия идома дошта, беш аз 300 ҳазор аҳолӣ бар зидди бемории COVID-19 ваксина гирифтанд, ки беш аз 97 ҳазор нафарро аҳолии шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.
АМИТ «Ховар»

06.07.2021 186