МИРЗО ТУРСУНЗОДА-ШОИРИ ИНСОНДӮСТ ВА СУЛҲГАРОИ МИЛЛАТ
«Турсунзода шахсияте буд, ки бо ҳама инсонҳо чӣ коргар, чӣ адиб муносибати дӯстона мекард, зеро ӯ бо одамон бо чашми дил суҳбат мекард. Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд».
Файз Аҳмади Файз.
Худшиносӣ ва пуштибонии сулҳу оштии миллӣ дараҷаи нави тамаддунпарвариро фаро мегирад, ки дар адабиёту фарҳанг ва арзишҳои умумибашарӣ ҷойгузин аст. Воқеияти ҷаҳони имрӯз дар ин замина гуфтугӯи хоси тамаддунҳо, арзишҳои хоси миллӣ ва умумибашариро ба майдон кашидааст, ки тавассути он моҳияти ин раванди созанда дар заминаи адабиёту фарҳанг ва дигар анвои фаъолияти зеҳнию ҳунарии инсон таҷассум меёбад.
Мирзо Турсунзода аз ҷумлаи шахсиятҳои инсондӯст ва худшиносе буд, ки дар замири худ ба ҷуз тухми меҳру муҳаббат нисбати муҳит ва инсоният чизи дигаре накошта ва бо лафзи ширин, нутқи намакину ашъори баландмазмуни худ тавонист, ки дар ҷаҳон ҳамчун шахсияти тараннумгари сулҳу дӯстӣ маъруф гардад. Имсол ба зодрӯзи арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, собиқ раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии СССР, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, тарҷумон, билохира Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода 110 сол пур мешавад.
Бо мақсади иҷрои дастури Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷлили ҷашни 110-солагии шоир ва ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни ин симои таърихии миллат Раёсати МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» силсилаи чорабинию маҳфилҳоро роҳандозӣ намуд.
Аз ҷумла, санаи 20-уми апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Хадамоти ректор, ба хусус бахши маркетинги иҷтимоии Хадамот дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои забони тоҷикӣ ва физиологияи нормалӣ дар толори «Сино»- и Донишгоҳ маҳфили бошукуҳи адабию фарҳангӣ баргузор шуд. Сараввал аз ҷониби муовини аввали Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. сухани табрикотии ректори донишгоҳ муҳтарам Гулзода М.Қ. ба муносибати ҷашни 110 - солагии шоири шаҳир Мирзо Турсунзода ба аҳли толор ироа шуда, сипас чорабинӣ тибқи Нақша-сенария, ки аз ҷониби бахши маркетинги иҷтимоӣ дар якҷоягӣ бо Хадамоти ректори донишгоҳ омода шуда буд, ифтиттоҳ гардид.
Боиси хушнудиву сарфарозии устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар ин ҳамоиш як гуруҳ шахсиятҳои варзидаи кишвар - Раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Покистон, академик Олимов Кароматулло, Раиси Кумитаи сулҳ ва ризоияти Тоҷикистон Латофат Шарипова, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Марям Исоева, Корманди Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сайдумар Раҷабов, Мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ – Солеҳов Шамсиддин ва устоди ҳамин кафедра Маҷид Қурбон, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир-Зебуннисо Расулзода ширкат варзида, дар суханрониҳои худ оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабию сиёсии устод Турсунзода лаҳзаҳои дилнишину таъсирбахшро ёдоварӣ намуданд.
Барномаи фарҳангию фароғатии омода намудаи бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректори донишгоҳ дар якҷоягӣ бо аъзои дастаи «Шифо» ва донишҷӯёни кафедраи забони тоҷикӣ, ки бештари онҳоро донишҷӯёни хориҷӣ фаро гирифта буданд, ба ҷамъомад фазои хосаи идонаю фарҳангӣ бахшида аз ҷониби кулли ҳозирин бо қаноатмандию хушҳолӣ пазируфта шуд.
Пас аз анҷоми ҳамоиш бо ташаббуси Хадамоти ректор бахши маркетинги иҷтимоӣ дар якҷоягӣ бо устодону донишҷӯёни факултети тиббӣ ва кафедраи забони тоҷикӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ аз Осорхонаи давлатии Мирзо Турсунзода дидан намуда, ба худ ғизои маънавию фарҳангӣ гирифтанд.
Ҷараёни баргузории чорабинӣ ва боздид аз Осорхона аз ҷониби шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Душанбе HD» ва радиои фарҳанг сабт гардида, пахши он тавассути бахшҳои хабарӣ ва барномаҳои махсуси идона дар назар аст.
Бахши маркетинги иҷтимоии
Хадамоти ректори донишгоҳ