Маросими хатми ботантана дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Маросими хатми ботантана дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

6-уми июни соли ҷорӣ дар толори Синои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино маросими хатми тантанавии донишҷӯёни донишгоҳ, ки аз курсҳои олии таълимӣ гузашта, аттестатсияи давлатиро бомуваффақият супоридаанд, баргузор гардид.

Дар маросими супоридани дипломҳо Ректори донишгоҳ, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа, Сардори хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Бекмуродзода Султон Бекмурод, ҳамчунин ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва волидони хатмкунандагон иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Гулзода М. Қ. сараввал ҳамаи донишҷӯёни хатмкунандаро барои анҷоми бомуваффақияти донишгоҳ таҳният намуда, бо таваҷҷуҳ ба мавқеи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар омода намудани кадрҳои тиббии кишвар, қайд намуд, ки донишгоҳ тӯли 80 соли фаъолияти босамар бештар аз 43000 мутахассиси дорои таҳсилоти олии тиббиро тайёр намудааст ва онҳо на танҳо дар дохили кишвар, ҳатто берун аз он низ маъруф гардидаанд. Арзишмандтарин потенсиали донишгоҳ ҳайати профессорону омӯзгорон ба ҳисоб мераванд, ки бо самимият тамоми ҳастии худро баҳри таълиму тарбияи насли наврас бахшидаанд.

Ректори донишгоҳ бо муроҷиат ба хатмкунандагон таъкид намуд, ки ба даст овардани диплом оид ба хатми донишгоҳ– ин маънои хотима не, балки давомнокӣ ва оғоз намудани роҳ ба сӯи илм: ҷараёни мураккаб, самарабахш, вале ҷолиб ва шаъну шараф мебошад. Дар пеш хатмкунандагонро санҷиши муҳимтарини касбӣ интизор аст.

Ректори донишгоҳ бо боварии комил баён намуд, ки хатмкунандагон аз ӯҳдаи вазифаҳои муқарраргардида ба хубӣ баромада, фаъолияти худро дар соҳаи илм ва тандурустӣ бо шаъну шараф идома хоҳанд дод.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа низ зимни баромад бо ироаи таманниёти табрикӣ ба хатмкунандагон, қайд намуд, ки хатми бомуваффақияти ин муассисаи бонуфузи таълимӣ, мояи ифтихор аст. Вазири тандурустӣ таъкид намуд, ки ҳамасола дар баробари донишҷӯёни ватанӣ, шаҳрвандони ҳориҷӣ низ донишгоҳро хатм менамоянд, ки ин далели дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидани мавқеи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аст. Соли ҷорӣ низ 123 нафар донишҷӯ аз 7 кишвари хориҷӣ донишгоҳи тиббиро хатм менамоянд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино хатмкунандагони худро табрик намуда, дар корҳои касбӣ ва илмӣ-тадқиқотии минбаъдаи онҳо комёбиҳои беназир таманно карданд.

Зимнан, дар соли таҳсили 2018-2019 1556 нафар соҳиби маълумоти олии касбӣ аз рӯи 5 ихтисос гардиданд, ки 123 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз 7 кишвар мебошанд.

 

 

Зуҳра Турсунова      шуъбаи иттилоот ва нашрия


21
20
19
18
17
16
15
14
13
12
11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
10.06.2019 1713

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php