Маркази миллии тестӣ: 12 июл даври иловагии ИМД барои довталабон доир мегардад

Маркази миллии тестӣ: 12 июл даври иловагии ИМД барои довталабон доир мегардад
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) иштирок карда наметавонанд, мерасонад, ки даври иловагии имтиҳонҳо барои чунин довталабон рӯзи 12 июл соли равон доир карда мешавад.
Довталабе, ки дар даври асосии имтиҳон иштирок карда натавониста, дар даври иловагии имтиҳон иштирок кардан мехоҳад, бояд маблағи иловагии хизматрасониро, ки Маркази миллии тестӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, пардохта, ба Марказ ариза пешниҳод намояд. Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар соли 2021 барои як довталаби дар даври иловагии имтиҳон – қисми А ё Б иштироккунанда 80 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Бояд гуфт, ки шахсони зерин аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла дар даври иловагии он) озоданд: ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва кӯдакони маъюбе, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд. Инчунин, шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва «кӯдакони маъюб» аз пардохти 50 фоизи маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии ИМД-2021 озоданд ва барои иштирокашон дар қисми дахлдори имтиҳон маблағи хизматрасониро ба андозаи 40 сомонӣ пардохт мекунанд.
Ҳамчунин шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё «кӯдаки маъюб» бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии ИМД-2021 пурра озод аст.
Қабули маблағҳои тавассути барномаи электронии «Қабули пардохтҳо» аз 30 июн то 9 июли соли равон ба роҳ монда мешавад. Инчунин довталабон метавонанд аризаҳои худро дар марказҳои асосии шаҳру ноҳияҳо ё почтаи электронӣ ба Марказ (office@ntc.tj) пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки даври иловагии имтиҳонҳо – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) рӯзи 12 июл дар марказҳои имтиҳонии танҳо шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
АМИТ «Ховар»

06.07.2021 129