М.Қ. Гулзода: «Дар ДДТТ на танҳо ба дониши назариявӣ, балки ба истеъдоду маҳорати клиникии хатмкунандагон баҳо дода мешавад»

М.Қ. Гулзода: «Дар ДДТТ на танҳо ба дониши назариявӣ, балки ба истеъдоду маҳорати клиникии хатмкунандагон баҳо дода мешавад»

29-уми январи соли 2019 Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба фаъолияти муассиса дар давоми соли 2018 нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма доир намуд.

Ректори донишгоҳ, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ бо таъкид ба ҳамкориҳои босамари Донишгоҳи тиббӣ бо васоити ахбори омма, зикр намуд, ки Раёсати донишгоҳ барои тибқи талаботи замон ба роҳ мондани ин ҳамкориҳо кӯшиш намуда, аз имконоти васеи ин дастгоҳи муқтадири таблиғот ба таври зарурӣ ва ба манфиати кору фаъолияти ҳамарӯза истифода мебарад.

Профессор Гулзода М.Қ. дарҷ намуд, ки дар муддати сипаришуда Раёсати донишгоҳ ва ҳайати профессорону омӯзгорон бо дарки масъулият баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия дар макотиби олии кишвар, ки аз суханрониҳояшон зимни Паёмҳову вохӯриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бармеояд, дар самти таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ, корҳои муолиҷавию хоҷагидорӣ чорабиниҳои зиёдро амалӣ намуд. Боиси сарфарозист, ки 1-уми сентябри соли 2018 дар Маҷмааи нави таълимии донишгоҳ, воқеъ дар шаҳраки “Шифобахш” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими рӯнамоии муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино ва таҷлили “Рӯзи дониш”, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил бо иштироки 6 ҳазор нафар кормандони соҳаи тиб ва омӯзгорону донишҷуёни муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла 3500 нафар кормандон, омӯзгорону донишҷуёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид. Вобаста ба ин, барои амалӣ кардани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ таҳия шуда, фаъолияти донишгоҳ тибқи он ба роҳ монда шудааст. Вазифаҳои стратегии донишгоҳ маҳз ба сифатан беҳтар намудани ҷараёни таҳсилот равона гардида, барои инкишофи малакаву маҳорати касбӣ, қобилияти зеҳнию фарҳангӣ ва ташаккули худшиносии миллии донишҷӯён диққати махсус дода мешавад.

Ректори донишгоҳ бо таъкид ба захираҳои кадрӣ чун сарвати арзишманди донишгоҳ гуфт, ки дар ин муассисаи олии таълимӣ иқтидори бузурги кадрии соҳаи тибби кишвар кору фаъолият менамоянд. Аз онҳо 3 академик, 4 узви вобастаи Академияи илмҳо ва илмҳои тиб, докторони илм 85 нафар ва номзадҳои илм 234 нафарро ташкил медиҳад. Омӯзгорони ҷавони то синни 35 сола 142 нафар (21,4%) мебошанд. Синну соли миёнаи ҲПО–48 солро ташкил медиҳад. Таъмини пурраи раванди таълим бо маводи таълимӣ, дастрасии комили донишҷӯён ба адабиёти илмӣ ва ҳамасола такмил ёфтани Фонди умумии китобхонаи илмии донишгоҳ аз дастовардҳои дигари Донишгоҳи тиббӣ маҳсуб мешавад.

Профессор Гулзода М.Қ. ҳамзамон зикр намуд, ки дар донишгоҳ раванди таълим аз рӯйи 5 Стандарти ихтисоси таҳсилоти олии касбии ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқкунонидашуда ва 5 нақшаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Таҳсил дар донишгоҳ бо 3 забон – тоҷикӣ (давлатӣ), русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино тибқи ихтисосҳои ҷойдошта 5 факултет ва 62 кафедра мавҷуд аст, ки таҳсил дар асоси нақша ва барномаҳои таълимӣ дар ин кафедраҳо сурат мегирад. Дар кафедраҳои донишгоҳ таҷҳизоти муосири раванди таълимӣ дастрас буда, кафедраҳо дорои озмоишгоҳҳои таълимиву илмӣ ва кабинетҳои фаннӣ мебошанд. Дар кафедраҳои клиникие, ки дар 27 пойгоҳи муассисаҳои табобатии шаҳриву ҷумҳуриявӣ ҷойгиранд, барои баргузор намудани дарсҳои амалӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар идома сарвари донишгоҳ аз хусуси дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ, дар самтҳои гуногуни омӯзишу фаъолият дар соли сипаришуда, аз қабили ташкил намудани Ассотсиятсияи донишҷӯёни тибби Тоҷикистон (TMSA) ва аъзо шудани ҷамъияти мазкур ба Ассотсиятсияи ҷаҳонӣ (IFMSA), иштироки муваффақи се бонуи ихтироъкори донишгоҳ дар 11-умин намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон ва сазовори медал гардидани онҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҷашни Наврӯзи миллӣ, Рӯзи модар, Артиши миллӣ, рӯзи Ваҳдати миллӣ, “Ҷоми ректор” аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ ва варзишие ба ҳисоб мераванд, ки дар ин муддат бо сатҳи баланд гузаронида шуданд. Ҳамзамон, доир ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” зиёда аз 12 чорабиниҳои гуногун гузаронида шуд. ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар озмуни ҷумҳуриявии корҳои ободонӣ оиди сохта ба истифода додани Маҷмааи варзишию фароғатӣ бо майдончаҳои бозии кӯдакон ва гулгаштҳо ғолибият ба даст оварда, сазовори “Ифтихорнома”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Бо ишора ба нақшаҳои дурнамои донишгоҳ таъкид гардид, ки дар ояндаи наздик бунёди Комплекси варзишӣ бо ҳавзи шиноварӣ ва нуқтаҳои маишӣ барои донишҷӯён ва истиқоматкунандагони хобгоҳҳо дар назар аст.

Ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. инчунин оид ба фаъолияти илмӣ, инноватсионӣ, ихтирооту навоварӣ ва омода намудани кадрҳои илмӣ, чун самти афзалиятноки ДДТТ ба номи Абӯалӣ Сино маълумот ироа намуда, сипас ба саволҳои зиёди рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас дод.

 

   Зуҳра Турсунова, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия


1
2
3
4
30.01.2019 1281

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php