on-line лексияҳо ба донишҷӯёни курси дуюм

on-line лексияҳо ба донишҷӯёни курси дуюм

Дар асоси созишномаи басташуда дар бораи ҳамкорӣ байни ҶСҒ "Донишгоҳи тиббии Остона" ва МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино" аз 09.03.21 то 12.03.21 мудири кафедраи физиологияи нормалӣ дар ҶСҒ "Донишгоҳи тиббии Остона", н.и.т., профессор Ҳамчиев Курейш Мавлович ба донишҷӯёни курси дуюм on-line лексияҳо хонд. Лексияҳо дар сатҳи баланд хонда шуданд. Ба ректори Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино", м.и.д., профессор Гулзода М.Қ. ва ректори ҶСҒ "Донишгоҳи тиббии Остона" Д.Павалкис барои имконият ба донишҷӯёни мо барои гӯш кардани лексияҳо дар доираи ҳаракатҳои академӣ миннатдории худро баён мекунам. Бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои мусбии донишҷӯён ва инчунин имкониятҳои инноватсионии донишгоҳи мо хуб мешуд, ки ин анъана аз ҷониби профессорони пешбари донишгоҳҳои тиббии ИДМ идома ёбад.

  Шукуров Ф.А.  -   Доктор медицинских наук, профессор


3
2
1
13.03.2021 396

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php