Кушодашавии МТИК “Стоматология”- и МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Дар доираи амалӣ сохтани Барномаи давлатии рушди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино то соли 2025 солҳои охир таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёде ба амал омаданд, ки мақсад аз онҳо боз ҳам беҳтар намудани шароитҳои кору таҳсил, беҳтар кунонидани иқтидори кадрии донишгоҳ ва ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ кунонидани низоми таҳсилот мебошад. Аз ҷумла, 25-уми октябри соли ҷорӣ дар маркази таълимии “Шифобахш” маросими кушодашавии маркази таълимӣ, илмӣ, клиникии “Стоматология” бо иштироки Олимзода Насим Хоҷа - Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бекмуродзода Султон Бекмурод - Сардори хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Гулзода М.Қ.- Ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва роҳбарони соҳаи стоматология ва устодони донишгоҳ баргузор гардид.
Ободкориҳои роҳбарияти донишгоҳ равона шудааст ба таъмин кардани хатмкунандагони рақобатпазир дар бозори миллӣ ва ҷаҳонии хизматрасонии таҳсилотӣ, ба даст овардани мақсадҳои стратегии донишгоҳ ва беҳтар сохтани хизматрасониҳои таълимӣ, илмӣ ва тиббӣ. Пешниҳоди таҳсилоти тиббии дорои заминаи миллӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ баҳри омодасозии кадрҳои салоҳиятнок ва мусоидат ба рушди фаъолияти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ. Роҳбарити донишгоҳ кушиш ба харҷ медиҳад, ки муасиса пешоҳанги оллии таълимӣ дар Осиёи маркази бошад, ки кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустиро дар заминаи пойгоҳҳои байналмилалӣ илмӣ – иноватсионӣ ва пешниҳод намудани хизматрасониҳои таълимиро амалӣ созад. Хушбахтона, маркази таълимӣ, илмӣ, клиникии “Стоматология” дар ҷумҳурӣ ва Осиёи Марказӣ беназир буда, дар болоравии сифати таълим, илм ва табобати беморон барои наслҳои оянда хизмати шоистае хоҳад кард.
Марказ дар баробари тайёр намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ, инчунин барои такмили маҳорати касбӣ, истифодаи мақсадноки таҷҳизоти стоматологӣ, расонидани хизмати тибби аз рӯи ихтисос ба муроҷиаткунандагон низ корҳои назаррасро ба сомон мерасонанд.
Устодони марказ вобаста ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни кишвар бахшида ба рӯзи дониш ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбари кишвар дар пешгирӣ намудани паҳншавии бемориҳои вируси СПИД ва гепатит дар соҳаи стоматология ва муассисаҳои маишӣ корҳои назаррасеро анҷом додаанд. Аз ҷумла, дастурамал барои донишҷӯён ва табибон дар бораи гепатит (Хусусиятҳои пешгирии он дар муасисаҳои стоматологӣ) бо ду забон: тоҷикӣ ва рӯсӣ нашр шуд. Устодони ин марказ дар якҷоягӣ бо мутахассисони хадамоти санитарӣ, хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-клиникии Стоматология ва ҶҶР, Гастроэнтерология дар шабакаҳои итилоотии ватанию хориҷӣ баромад карда, дар пешгирӣ намудани паҳншавии бемориҳои вируси СПИД ва Гепатитҳо саҳми арзандае доранд.
Таибов С.А., Сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия