Курсҳои омӯзишии омода кардани омӯзгорону муҳассилини донишгоҳ барои ташхису табобати беморон

Курсҳои омӯзишии омода кардани омӯзгорону муҳассилини донишгоҳ барои ташхису табобати беморон
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳассилини донишгоҳ бо дарки масъулият оид ба пандемияи коронавируси COVID-19, ки имрӯзҳои қариб тамоми дунёро фаро гирифтааст, ба инобат гирифта, бо мақсади расонидани кумак ба соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар баргузории чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ, пешгирикунанда ва ташхису табобати беморон саҳмгузории ҳамаҷониба карда истодаанд.
Аз ҷониби роҳбарият, муовинони ректор, деканҳою муовинони деканҳо, роҳбарони ҳамаи сохторҳо, мудирону ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳо, ҳамаи муҳассилини баъдидипломӣ, кормандони донишгоҳ, волонтёрҳои донишгоҳ оид ба додани маълумоти бештар нисбати коронавируси COVID-19, вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонию ҷумҳурӣ, нишонаҳо, роҳҳои пешгирии паҳншавии коронавируси нав, риояи гигиенаи шахсӣ, гигиенаи ҷамъиятӣ дар байни аҳолии шаҳри Душанбе ва тавассути ВАО пайваста суҳбатҳои фаҳмондадиҳию маълумотӣ ва таблиғотӣ гузаронида, ҳамаи ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои клиникии донишгоҳ ба ҳайси табибон, барои табобати беморон ва корҳои машваратӣ ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе сафарбар карда шудаанд.
Хамчунин, бо супориши ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. аз 13 то 16-уми майи соли 2020 мутахаасисони донишгоҳ, мудири кафедраи бемориҳои сирояти кӯдакона н.и.т., дотсент Саидмуродова Г.М., мудири кафедраи эпидемиология д.и.т., профессор Одинаев Н.С., мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3 д.и.т., профессор Мустафоқулова Н.И. барои омода кардани 39 нафар табибон, аз ҳисоби омӯзгорон, ординаторони клиникӣ, аспирантон, магистрҳо, интернаҳо оид ба пешгирӣ, ташхис, табобати бемории сироятии коронавируси COVID-19, оризаҳои он, аз ҷумла пневмонити коронавирусӣ ва қоидаҳои худмуҳофизатию истифодаи дурусти либосҳою маводҳои худмуҳофизатӣ, курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ (семинар-тренингҳо) гузарониданд ва ҳамаи онҳо ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе барои табобати беморон фиристода шуданд.
Семинар-тренингҳо аз рӯи тавсияҳои Созмони умумуҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ) ва “Протоколи клиникии муваққатии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории сирояти короновирусии нави COVID-19 дар байни кӯдакон”, “Дастурамали муваққатӣ оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии коронавирусӣ - COVID-2019” барои табибон, ки аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони кафедраҳои донишгоҳ таҳия ва бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузаронида шуданд.
Хадамоти ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

Курсҳои омӯзишии омода кардани омӯзгорону муҳассилини донишгоҳ барои ташхису табобати беморон
Курсҳои омӯзишии омода кардани омӯзгорону муҳассилини донишгоҳ барои ташхису табобати беморон
Курсҳои омӯзишии омода кардани омӯзгорону муҳассилини донишгоҳ барои ташхису табобати беморон
16.05.2020 39