Коррупсия – зуҳуроти номатлуби ҷомеа

Коррупсия – зуҳуроти номатлуби ҷомеа

           Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузоштанд. Ҳамин тавр, бо ташаббуси Созмони Миллали Муттаҳид ҳамасола 9-уми декабр ҳамчун Рузи ҷаҳонии мубориза бо коррупсия ќайд карда мешавад.


        Дар толори маҷмааи таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино воќеъ дар шаҳраки «Шифобахш» бахшида ба Рузи ҷаҳонии мубориза бо фасод ё худ коррупсия бо иштироки кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком Худоймурод- муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии коррупсияи Агентӣ, Ибодуллозода Арастулло- корманди Раёсати агентӣ ва Насриддинзода Киромиддин- мутахассиси шуъбаи кадрҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати профессорону омӯзгрону донишҷӯён ҷамъомад баргузор гардид.

     Пофессор Ибодов С.Т.- муовини ректор оид ба таълим дар баробари ифтитоҳи ҷамъомади мазкур, ҳамаи иштирокчиён ва меҳмононро бо ин руз табрик намуд. Муовини ректор оид ба таълим бо таъкид ба муҳимияти мубориза бо коррупсия, ќайд намуд, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ ба масъалаи мазкур дар сатҳи роҳбарияти донишгоҳ аҳамияти махсус дода мешавад. Чунончи, дар донишгоҳ Барнома ва наќшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ таҳия шуда, дар курсҳои 4-ум ва 5-ум соатҳои таълимии дарсӣ ҷудо гардидаанд.


         Турсунзода Шодком Худоймурод- муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб мешавад. «Аз рузи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои паст намудани чунин падидаи номатлуб ва мубориза бо коррупсия муборизаи беамони худро бурда истода ва нисбати ин масоил диққати махсус додаанд. Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ҳамаи заминаҳо дар ҷумҳурии мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст»- афзуд корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.


     Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва бурдани муборизаи самаранок бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ба роҳ монда шавад.Чунин буд муҳтавои ҷамъомади мазкур ва ҳадафи иштирокчиёни он.

    Зимнан, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд. Бо иқдоми сиёсии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳанӯз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидшуда таъсис дода шуд.


         

                                                                             Зуҳра Турсунова, шуъбаи иттилоот ва нашрия


10.12.2018 2800

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php