Конференсияи XVI-уми илмӣ-амалии донишҷӯён ва олимони ҷавони донишгоҳ

Конференсияи XVI-уми илмӣ-амалии донишҷӯён ва олимони ҷавони донишгоҳ

Cанаи 30.04. соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино конфронси XVI-уми илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён дар мавзӯи «Масъалаҳои нави илми тиб ва дурнамои ҳалли онҳо», бахшида ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор шуд. Конференсияи илмӣ – амалӣ шароити мусоид барои олимони ҷавон, ҳисси амалӣ намудани донишу малакаи донишҷӯён, барқарор намудани муносибатҳои дӯстӣ бо дигар муассисаҳои илмию таҳсилотии кишварҳои хориҷиро ба вуҷуд меорад.

Дар сексияи «Стоматология, оториноларингология, офталмология» 10 нафар меҳмонон, аз он ҷумла 2 нафар аз Узбекистон ва Федератсияи Русия бо тариқи офлайн ва онлайн иштирок намуданд. Дар кори конференсия 24 маърӯза тибқи барнома пешниҳод карда шуд.

Аз кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ 2 нафар аъзоёни ҷамъияти илмии донишҷӯёни кафедра иштирок намуданд. Донишҷӯи курси 4-уми факултети стоматологӣ Рауф Хуршед дар мавзӯъи «Особенности стоматологического приёма пациентов при наличии сопутствующих соматических патологией» бо роҳбарии н.и.т. Ёраков Ф.М. ва донишҷӯи курси 3-юми факултети стоматологӣ Наҷмудинов Саттор Акрамович дар мавзӯи «Усулҳои васеъкунии каналҳо дар эндодонтия» бо роҳбарии н.и.т., дотсент Тохтаходжаева С.Т. дар сатҳи баланд баромад намудаанд.

Баъди баромад донишҷӯён ба саволҳое, ки аз тарафи иштирокчиёни конференсия пешниҳод шуданд, ҷавобҳои мушаххас дода, ба баҳои баланди ҳозирин сазовор шуданд ва барои дар оянда идома додани корҳои илмию-амалӣ ба онҳо пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.

 Кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ


01.05.2021 253

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php